Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Математикаи олӣ"

 

РАҲМОНОВ  Холиқназар Боқиевич, 
мудири кафедраи математикаи олӣ, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент

 

Кафедра  соли 1931 ташкил шуда аз  фанҳои  математика,физика, метеорология, агрометереология, геодезия,механика, геометрияи тасвирӣ ва нақшакаширо  муттаҳид намуда буд. Дар айни замон мудири кафедра  номзади илмҳои физика-математика, дотсент  Раҳмонов Х.Б. буда, омӯзгорон Холиқов Ҷ.Х., Акромов Х., Содиқов Н.Х., Неъматов А., Гаффоров Ш., Собирова Г., Саъдулозод Ш., Шокирова Ҳ. ҳайати кадрии кафедраро ташкил медиҳанд. Устодони кафедра аз фанни математикаи олӣ дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дарс мегузаранд. Бо роҳбарии мудири кафедра  Раҳмонов Х.Б. устодони кафедра оиди мавзӯҳои «Баъзе масъалаҳои динамикаи чандирӣ-пластикии пластинаҳо»,  «Баъзе масъалаҳои назарияи полоишҳо» ва «Хосиятҳои гурӯҳии муодилаҳои дифференсиалӣ» тадқиқот мебаранд, ва оиди ин мавзӯҳо маколаҳо чоп менамоянд.

Дар кафедра «Ҷамъияти илмии донишҷӯён» амал менамояд, ки дар он донишҷӯёни беҳтарини Донишгоҳ бо маърӯзаҳо баромад менамоянд ва дар олимпиадаҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва умумиҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Аз ҷониби устодони кафедра якчанд китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳо нашр карда шудааст.

Кафедра бо факултети механика-математикаи ДМТ, факултети математикаи  ДДОТ ба номи С Айнӣ, кафедраи математикаи олии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, Институти математикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва факултети механика-математикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Киев алоқаи мустаҳкам дорад ва ҳамкорӣ менамояд.