Кафедраи механикаи сохтмон ва иншооти гидротехникӣ
Икромов Илхомҷон Исломович,
мудири кафедраи механикаи сохтмон ва иншооти гидротехникӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент
Кафедраи «Механикаи сохтмон ва иншооти гидротехникӣ» соли 2016 дар натиҷаи якҷоякунии кафедраҳои “Механикаи сохтмон ва гидравлика” ва “Сохтмони иншооти гидротехникӣ” бо фармони ректори ДАТ ба номи Ш. Шохтемур № 72 аз 30.12.2016с. таъсис ёфтааст. Аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз кафедраро номзади илмҳои техникӣ, досент Икромов И.И. роҳбарӣ карда истодааст.
Кафедраи механикаи сохтмон чун кафедраи мустаъқил соли 1968 таъсис ёфта, соли 1998 дар натиҷаи якҷоякунии он бо кафедраи гидравлика ва гидрогеологияи муҳандисӣ номи кафедраи “Механикаи сохтмон ва гидравлика”-ро гирифтааст. Дар солҳои гуногун ин кафедраҳоро роҳбарӣ карданд: кафедраи механикаи сохтмонро: н.и.ф.-м., профессор Рахимов Х.Х. (1968-1984 ва 1989-99), н.и.т., досент Ли В.Н. (1984-1989), кафедраи гидравлика ва гидрогеологияи муҳандисӣ – н.и.г.-м., досент Ашуров А.А., н.и.г., досент Ашуров С.А., н.и.т., досент Бабуков Ш.А., д.и.г.-м., профессор Бобохоҷаев С.М. ва кафедраи механикаи сохтмон ва гидравликаро – н.и.т., досентон Холов Д.Т. (1999-2007) ва Рахимов Ф. (2007 – 2009), омӯзгорони калон Мухаммадиева С.Г. (2009-2014) ва Сатторов Ш. (2015). Соли 2016 вазифаи мудирии кафедраро муваққатан омӯзгори калон Бобиев Д.Ф. иҷро намудааст.
Кафедраи “Сохтмони иншооти гидротехникӣ” соли 1998 дар асоси кафедраи “Ташкили корҳои гидромелиоративӣ” ташкил карда шуд. Кафедраи мазкурро аз рӯзи таъсисёбӣ то соли 2003 н.и.т., досент, ҳоло д.и.т., профессор Икромов И.И. роҳбарӣ кардааст. Кафедраи ташкили корҳои гидромелиоративиро дар солҳои гуногун н.и.т., досентҳо Мамаджонов Д.Р. ва Юлдошев М.А. роҳбарӣ намудаанд. Дар ин кафедраҳо дар солҳои гуногун омӯзгорони калон Асроров Д.А., Ҷулдиев А.А., Логачева Г.Г., омӯзгорон Хушаков Қ., Раҳмонов А., Суздалева О.В., Наҷмонова Л., Ҳайдаров А. ва дигарон фаъолият намудаанд.
Кафедраи иншооти гидротехникӣ соли 1954 таъсис ёфта, фаъолияти он ҳамчун кафедраи мустаъқил то соли 2003 давом кардааст. Баъд он ба кафедраи сохтмони иншооти гидротехникӣ якҷоя карда шуда, роҳбариаш аз с.2003 то с. 2014 ба дӯши н.и.т., досент Тюряев А.А. вогузошта шудааст. Дар солҳои гуногун кафедраи иншооти гидротехникиро инҳо роҳбарӣ кардаанд: н.и.т., дотсентҳо Умаров А. У., Маретский Б. Т., Дианов В. Г.. Аз с. 1987 то с. 2003 роҳбарии кафедраро н.и.т., досент Тюряев А.А. иҷро кардааст. Соли 2015 кафедраи мазкурро д.т.н. Салимов Т.О. иҷро намудааст.
Дар ҳолати имрӯза дар кафедра фаъолияти илмӣ-омӯзгориро н.и.т., досентҳо Икромов И.И., Бобиев Д.Ф. ва Ядгоров Ё.Х. (0,5 в.к.) д.и.т., профессор Ҳоҷибоев А.А. (0,5 в.к.) омӯзгорони калон Исоев Х.Ю., Шарипова А.А., Мадгозиев У.Ж., омӯзгорон Олимов К.З., Хакёров Д.М., Мирзоев Х. ва Раджабов И. давом дода истодаанд.
Омӯзгорони кафедра ба донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва ғоибонаи самти муҳандисӣ аз фанҳои зерин дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузашта истодаанд: масолеҳҳои сохтмонӣ, муқовимати масолеҳ, механикаи сохтмон, гидравлика, асосҳо ва таҳкурсиҳо, конструксияҳои муҳандисӣ, иншооти гидротехникӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, насосҳо ва пойгоҳҳои насосӣ, ташкили корҳои гидромелиоративӣ, технология ва ташкили сохтмон, иншооти обгири дарёӣ.
Омӯзгорони кафедра ба масъалаи баланд бардоштани сифат ва манфиати ҷараёни таълим аҳамияти махсус медиҳанд. Бо дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ аз ҳамаи фанҳои кафедра маҷмӯи лексияҳо тайёр карда шуда, ба китобхонаи электронии донишгоҳ ворид карда шудаанд. Онҳо дарсҳоро бо дараҷаи баланди методӣ бо истифода аз васоити таълимии ҳозиразамон мегузаранд ва доимо кӯшиш менамоянд, ки дониши азхудкардаи донишҷӯён ба талаботи замона мувофиқ бошад.
Бо мақсади манфиатнок гузаштани дарсҳо ва баланд бардоштани дараҷаи дониши донишҷӯён аз тарафи омӯзгорони кафедра як қатор васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ тайёр карда шудаанд, ки курси кӯтоҳи лексияҳо аз рӯйи ҳамаи фанҳои кафедра, барномаҳои корӣ (силлабусҳо), дастурҳои методӣ барои иҷрои корҳои хатми бакалаврӣ ва магистрӣ, барномаи таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аз тарафи онҳо зиёда аз 180 китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ чоп карда шудааст.
Дар баробари корҳои омӯзгорӣ омӯзгорони кафедра ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ машғуланд. Онҳо доир ба мавзӯи илмии “Кор карда баромадани тарзҳои манфиатнок дар самти барқарорсозӣ ва истифодабарии заминҳои обёрӣ” (доир ба қисми “Арзёбӣ аз ҳолати техникии конструксияҳои гидротехникӣ”) корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истода, натиҷаашро дар конференсияҳои илмӣ-амалӣ баромад карда, мақолаҳояшонро дар маҷаллаҳо ва маҷмӯи мақолаҳои илмӣ чоп карда истодаанд.
Аз рӯйи натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ олимони кафедра 5 монография ва зиёда аз 350 адад мақолаҳои илмӣ ба табъ расонида, соҳиби бештар аз 20 адад шаҳодатномаҳои муаллифӣ ва патентҳо доир ба ихтироот гардидаанд.
Аз рӯзи таъсисёбии кафедра олимони кафедра бо тамоми Мактабҳои Олии техникии ҶТ ва Мактабҳои Олии ҳамрадифи Федератсия Россия (Москва, Санкт-Петербург, Томск, Киев, Воронеж, Тошкент, Бишкек ва ғ.) алоқаи зичи илмӣ-методӣ доранд.
Омӯзгорони кафедра дар шаҳрҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравии пешина: Москва, Санкт-Петрбург, Томск, Киев, Воронеж, Тошкент, Бишкек ва ташкилту муассисаҳои лоиҳасозӣ ва сохтмонии пешсафи Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос гузаштаанд.
Омӯзгорони кафедра сарпарасти гурӯҳҳои академикӣ буда, доимо бо донишҷӯён дар мавзӯъҳои гуногуни тарбиявию ахлоқӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, мутафаккирони бузурги миллати тоҷик ва нақши онҳо дар рушди илми ҷаҳонӣ ва ғайраҳо сӯҳбатҳо менамоянд. Инчунин онҳо дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсии шаҳр ва донишгоҳ фаъолона иштирок меварзанд.