Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи микробиалогия ва эпизоотология

Rahmatzoda N

 

 

 РАҲМАТЗОДА Наҳтулло Раҳмат, 

мудири кафедари микробиология  ва эпизоотология, доктори илмҳои биологӣ, профессор

Кафедраи микробиология  ва эпизоотология соли 1966 бо номи кафедраи «Паразитология, эпизоотология ва  беҳдошти ихтибори ветеринарӣ» дар пойгоҳи факултети тибби ветеринарӣ  таъсис ёфтааст.    Аввалин  мудири он  д.и.в., профессор И.С.Авессаломов  (солҳои 1966-1986)  буданд.  Солҳои минбаъда бо сабаби ташкил шудани кафедраи паразитология ва назофоти ҳайвонот ва ба он гузаштани фанни таълимии паразитология ва бемориҳои инвазионии ҳайвонот, номи кафедра ба номи кафедраи микробиология ва эпизоотология асосҳои беҳдошти ихтибори ветеринарӣ иваз карда шуд.  Соли 2011 бинобар сабаби дар факулта кушода шудани ихтисоси нав –«Беҳдошт ва озмоиши ветеринарӣ»  ва ташкил шудани кафедраи «Беҳдошти ветеринарӣ» ва ба он гузаштани фанни таълимии беҳдошти ихтибори ветеринарӣ ба кафедраи мазкур, номи кафедра  боз ба номи кафедраи «Микробиология ва эпизоотология»  иваз карда шуд.  Роҳбарии кафедраро дар тӯли мавҷудияташ – н.и.в., дотсент Б.Г. Мотаев (солҳои 1986-1990), н.и.в., дотсент  А.Г.Мустақимов (солҳои 1990-1997), д.и.в., профессор Д.М. Мирзоев (солҳои 1997-2000), д.и.в., профессор Н.Ё.Ёрбоев (солҳои 2000-2004), н.и.в, дотсент  А.Ш.Шаболов  (солҳои 2004-2007), н.и.в, дотсент Т.М. Давлатмуродов  (солҳои 2007-2014), н.и.в., дотсент Қ.У Идиев (солҳои 2014-2016),  н.и.в., дотсент  Шарипов М.А. (солҳои 2016-2020) ба ӯҳда доштанд.  Аз моҳи сентябри  соли 2020  инҷониб роҳбарии кафедраро  д.и.б., профессор  Раҳматзода Н.Р. ба уҳда дорад.

Дар кафедра дар тайёр намудани мутахасисон аз рӯйи ихтисосҳои         1-74 03 02-тибби байторӣ, 1-74 03 72- тибби байторӣ-фарматсевт, 1-74 03 04- беҳдошт ва озмоиши ветеринарӣ аз фанҳои микробиология ва масуниятшиносии ветеринарӣ, микробиологияи маҳсулоти ғизоӣ, вирусологияи ветеринарӣ, эпизоотология ва бемориҳои сироятии ҳайвонот, иқтисодиёт ва ташкили корҳои ветеринарӣ  дар зинаи бакалавриат ва фанҳои асосҳои тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тибби ветеринарӣ ва асосҳои биоэтика ва бехатарии биологӣ дар зинаи магистратура, омӯзонида мешаванд.

Дар солҳои гуногун дар кафедра устодон Набиев Д.Н., Ҷумаев Н.С., Қосимов К.Т., Кусельтан И.В.,  Бочарников  Н.Г., Шаболов А.Ш., Муминов А., Мустақимов  А.Г. Ҷумаева  Р.О., Вазиров Ш.С., Мирзоев Д.М., Мирзоев М.М., Раҷабов Х., Раҳматзода Н.Р., Сатторӣ И., Ҳабибов А.Х., Шодибоева Р.Х.,  Сатторов Н.Р.,  Давлатмуродов Т.М., Идиев Қ.У., Шарипов М. А. ва дигарон кору фаъолият намудаанд. Ҳайати кормандони кафедра дар солҳои гуногун мутаҳассисони варзидаи соҳаро тарбият карданд.

Ҳоло дар кафедра  профессорон Раҳматзода Н.Р., Ёрбоев Н., Мирзоев Д.М., Сатторӣ И, омӯзгори калон Сафаралиев А.Р.,  омӯзгорон Рабиев Ҳ.М. ва  Шоимардонов Ё.Б. фаъолият карда истодаанд ва метавон бо ифтихормандӣ ҳар яке аз онҳоро ном бурд, ки фаъолияти илмӣ-омӯзгории хешро бо як дараҷаи баланди масъулиятшиносӣ зоҳир намуда, дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи микробиология ва дигар ҷабҳаҳои илми сироятшиносии муосир   саҳми арзанда гузошта истодаанд.

ДАСТОВАРДҲОИ КАФЕДРА

Дар давраи фаъолияти пурсамари кафедра  шумораи докторони илм аз рӯи ихтисоси микробиология ва масуниятшиносии ветеринарӣ, вирусологияи ва эпизоотология, замбурурӯғшиносӣ бо заҳрзамбурӯғшиносӣ   ба 12 нафар расид, 2 нафари онҳо сазовори унвони академики АИКТ ва 1 нафар узви вобастаи АИКТ мебошанд.  Шумораи номзадони илм бошад, аз ин ду маротиба зиёдтар аст. Танҳо дар давраи истиқлолияи устодони кафедра тавонистанд, ки соҳиби зиёда  35 патенту дигар  шаҳодатномаҳои муаллифӣ гарданд.  

То ба имрӯз дар кафедра зиёда  аз 25  китоби дарсӣ, 50  дастури методии таълимӣ  дар заминаи гузоштан эҳтиром ба забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ арзи ҳастӣ намуданд. 

Дар   давраи соҳибистиқлолии кишвар барои таълиму тадриси фанҳои таълимӣ аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра    курси мухтасари лексияҳо аз «Эпизоотологияи умумӣ  ва ҷузъӣ» (И.Сатторӣ., Н.Р.Ҳасанов), китобҳои дарсии  « Микробиологияи умумӣ» (И . Сатторӣ., Н.Р. Ҳасанов, Н.Р. Сатторов), «Масуниятшиносии ветеринарӣ» (И . Сатторӣ., Н. Р. Ҳасанов, Н.Р. Сатторов), «Микробиологияи ҷузъӣ » (И . Сатторӣ., Н.Р. Ҳасанов, Н.Р. Сатторов), «Бактериозҳои ҳайвонот», (Раҳматзода Н.Р.), «Вирозҳои ҳайвонот»(Раҳматзода Н.Р.) «Микробиология ва масуниятшиносии ветеринарӣ» (И . Сатторӣ., Н.Р. Ҳасанов, Н.Р. Сатторов), «Микозҳо ва микотоксикозҳои ҳайвонот» (Раҳматзода Н.Р.),  «Беҳдошти ихтибори ветеринарӣ» (Мирзоев Д.М.), «Бемориҳои сироятии парандагон» (Раҳматзода Н.Р.),  «Бемориҳои сироятии занбӯри асал»  (Раҳматзода Н.Р.), «Бемориҳои сироятии моҳӣ»(Раҳматзода Н.Р.), «Эпизоотологияи ҷузъӣ» (Раҳматзода Н.Р.), «Эпизоотологияи умумӣ бо беҳдошти ветеринарӣ» (Раҳматзода Н.Р.), «Эпизоотология ва бемориҳои сироятии ҳайвонот» (Раҳматзода Н.Р.) аз чоп баромаданд. Дар ҳамин давраи ҷашнгирии 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва 90-солагии таъсисёбии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур рӯи китобҳои дарсии «Биотехнология» ва  «Бемориҳои сироятӣ ва инвазионии аспҳо» ва дорушиносии умумӣ ва ҷузъӣ, қисми 2 (Раҳматзода Н.Р.)  рӯи чопро диданд.  Фаъолияти олимони кафедра дар самти омода намудани маводи биологии муолиҷавӣ ва пешгирикунандаи бемориҳои ҳайвонот ҳам назаррасанд. Маҳз бо туфайли заҳмати олимони кафедра, махсусан академик Сатторӣ бо шогирдонаш маводи кимиёдармонии ДС-1100, Шодмон, Дибакупрол, Витагин, Лактовит, Албакупрол, пробиотикҳои   Субтилбен, Лаксубтил, Субтилген, Субтилафк   ва маводҳои бешумори дигари муолиҷавию батанзимоваранда барои муолиҷа  ва пешгирии бемориҳои ҳайвонот дар асоси истифодаи масолеҳи хоми ватанӣ омода гардидаанд.

VETERITAR  

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРА

Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра дар мавзӯи мавзӯи «Омӯзиши таъсири сироятёбӣ  бо микобактерияҳои ғайрисилӣ ва  гелминтозҳо ба зоҳиршавии аксуламалҳои бодигармии туберкулинӣ дар чорвои калони шохдор»  барои солҳои 2021-2025 дар хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ иҷро мешаванд. Бо ташаббуси устодон ва дархости шуъбаи илми донишгоҳ дар кафедра мактаби илмӣ бо номи «Сироят ва масуният» ташкил карда шуд, ки дар он устодон ва донишҷӯён ҷалб карда мешаванд ва ин маҳфилҳо тибқи низомнома фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Тадқиқотҳои илмии устодони кафедра ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии одаму ҳайвонот равона шудааст. Аз аввали ташкилёбии кафедра кормандони он зиёда аз 1500    мақолаи илмӣ, 250 дастурамалу тавсияномаҳо, 40 патенти ихтироотиро ба истеҳсолот пешкаш намудаанд, ки дар фаъолияти кормандони истеҳсолии хизмати байтории ҷумҳурӣ нақши муҳимро мебозад.

Дар назди кафедра 2 озмоишгоҳи таълимӣ фаъолият мекунад, ки бо асбобу анҷомҳои навин муҷаҳҳаз мебошанд. Ғайр аз ин, увонҷӯён  ва докторантон дар мавзӯъҳои гуногун корҳои илмию тадқиқотӣ бурда истодаанд.

  ҲАМКОРИҲОИ КАФЕДРА

 Дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи микробиология ва эпизоотология дар кафедра мавқеи чунин марказҳои илмӣ ба монанди Пажуҳишгоҳи умумирусиягии таҷрибавии ветеринарӣ ба номи Я.Р. Коваленко, Академияи тибби ветеринарӣ ва биотехнологияи шаҳри Маскав  ба номи К.И. Скрябин, Пажуҳишгоҳи умумирусиягии таҷрибавии ветеринарии Шарқи Дур,   Институти ветеринарии АИКТ  ва    Институти масоили амнияти биологии АИКТ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино   басо калон мебошад.

Барои наздик намудани назария бо истеҳсолот ва такмил додани қобиляти зеҳни донишҷӯён, такроран Раёсати донишгоҳ бо як қатор зерсохторҳои Комитети бехатарии озуқаворӣ назди Президенти ҶТ шартномаи тарафайн бастанд ва инчунин синфхонаҳои таълими барои 15 ҷои нишаст ташкил намуданд.

Айни замон   бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи илмӣ-таълимии кафедра бо якчанд муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз қабили; Институти тибби ветеринарии АИКТ, институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи АИКТ, Маркази милли ташхиси бехатарии озуқавории Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ, Раёсати таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ва ҶДММ “Агроветсервис” ва  хоҷагии деҳқонии “Умедҷон”-и ноҳияи Рӯдакӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонидааст. Ҳамчунин кафедра ният дорад, ки ин гуна шартномаҳоро бо хоҷагиҳои пурқуввати чорводории “Саодат”-и ноҳияи Хуросон, хоҷагии чорводории “Баракат”-и ноҳияи Ҳисор  ба имзо расонад  

Veterinari 1Veterinari 2