Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Молия ва қарз дар КАС"

 

БОБОЕВ Алишер Абдираҳмонович, 
мудири кафедраи молия ва қарз дар КАС, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Кафедраи молия ва қарз дар КАС моҳи сентябри соли 2002 дар заминаи кафедраи "Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва молия" ташкил шудааст. Аз рӯзи таъсисёбӣ то моҳи декабри соли 2006 сарварии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шукуров И.Ш. аз моҳи январи соли 2007 то моҳи ноябри соли 2014 бошад номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Олимов А.Х. ба уҳда доштанд. Аз моҳи ноябри соли 2014 то инҷониб сарварии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобоев А.А. ба уҳда дорад. 

Ҳоло дар кафедра номзадҳои илм, дотсентон Олимов А.Х., Шукуров И.Ш., Юлдошева Н.Ҷ., Маликов И.А., Бобоев А.А., омӯзгорони калон  Аминова Г.М., Пиров Д.Ш., омӯзгорон Каримова У., Ҷумъаев Н.А., Шарипов Х.П., Бобоазизода Ш., Бобоева З ва Тураев Ф. фаъолият доранд. 

Пешбурди корҳои илмӣ яке аз ҷанбаҳои сермаҳсули фаъолияти кафедра маҳсуб мешавад, ки табъу нашри асарҳои зиёди устодон аз он шаҳодат медиҳад. Устодони кафедра барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти муҷтамеи агросаноатии Тоҷикистон тадқиқотҳои илмӣ мебаранд. Барои солҳои 2011-2015 кафедра дар мавзӯи "Манбаҳои молиякунонии КАС" кори илмӣ-тадқиқотӣ бурда, натиҷаҳои зиёди илмӣ ба даст овард. Аз рузи таъсисёбӣ то ҳол 4 нафар омӯзгорони кафедра рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд.

Дар давоми фаъолияти кории кафедра устодон зиёда аз 100 мақолаи илмӣ, 5 китоби дарсӣ, 25 дастури методӣ ва 5 монография аз чоп бароварданд. Инчунин онҳо барои ҳар як фан дастурҳои методӣ оид ба иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, оид ба иҷрои корҳои курсӣ, хатмкунӣ ва дипломӣ таҳия намуда, ба чоп расондаанд.