Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Мошинҳои кишоварзӣ ва механиконии коркарди маҳсулот"

 

ҲОҶИЕВ Бахтиёр Бобоевич,
мудири кафедраи мошинҳои кишоварзӣ ва механиконии коркарди маҳсулот, номзади илмҳои техникӣ, дотсент  

 Кафедраи мошинҳои кишоварзӣ ва механиконии коркарди маҳсулот соли 2016 дар натиҷаи пайдо шудани талаботи истеҳсолӣ бо якҷоя  шудани кафедраҳои мошинҳои кишоварзӣ ва мелиоративӣ ва механиконии коркарди маҳсулот ва фермаҳои чорводорӣ таъсис дода шудааст.Дар рушду нӯмуи кафедра, саҳми олимон:профессорон Трейвас А.Б., Ахунов Т.И.,  Аҳмадов Б.Р., Шамсиев Н.Ш., дотсентон Емец Г.А. Анисимов А.М., Пулодов А., Тешаев С.Т., Мадалиев А.М.,  Собиров А.С., Ҳикматов Р.Х., Оксенюейн А.Я., Рябков В.С., Рязанова А.А., Рябихин У.Е., Сафонов И.Е., Толмачев Г.А., Ҷураев О., Юлдошев Р.З.,  Обидов А.,  Тиллоев С.С., Камолов М.К., Попов В.Ф., Шукуров А.В., Джураев Х., Барфаков И., Маҳмудов С. Дробинин Я.И., Низомидинов Х., Макшанцев Ю., Идиатулин И., Левашкин И.И., Узакбоев Г., Ғозиев М.Б.,  Ғаффоров А.А,  Сафармамадов Т., Ҳасанов Ф., Ҳомидҷонов Ҳ., Махкамбоев И., Аминҷонов Х.,  Каюмов.М.И.,  Ҳоҷиев Б.Б., Зарипов А.А. ва  Амиров Н.Р., назарас мебошад.

Айни замон дар кафедраи мошинҳои кишоварзӣ ва механиконии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ докторони илмҳои техникӣ, профессорон Аҳмадов Б.Р., Ахунов Т.И., дотсентон Ҳоҷиев Б.Б, Сафаров М., Мадалиев А., н.и.т., Нуров Б.З., н.и.к. Юнусова С.С., н.и.к., Гулов Т.Н.,  омӯзгорони калон Назаров С.С., Зарипов А.А. ва ассистент. Баҳруллои Х. вазифаи устодиро ба ҷо меоранд.

Дар кафедраи мошинҳои кишоварзӣ ва механиконии коркарди маҳсулот, донишҷӯёни таҳсили рӯзона ва ғоибонаи  факултетҳои механиконии кишоварзӣ, гидромелиоративӣ, аграномӣ, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, зооинженерӣ, иқтисодӣ ва агробизнес  аз рӯйи фанҳои таълимӣ дарс меомӯзанд.   

Дар пойгоҳи кафедра се парки технологӣ мавҷуд аст, ки зиёда аз 80 адад мошину олотҳои кишоварзӣ ва дастгоҳҳои коркарди маҳсулот; заводи коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ ва  панҷ синфхонаи махсусгардонида шуда бо таҷизотҳо, макетҳо, овезаҳо ва дастгоҳҳо  иборат аст,  ки онҳо дар раванди таълим  ва корҳои  илмӣ тадқиқотӣ васеъ истифода бурда  мешаванд.

Ҷамъияти илмии донишҷӯён

       Дар Ҷамъияти илмии донишҷӯёни кафедра зиёда аз 23 нафар донишҷӯён ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо  дар  конфренсияҳои ҷумҳуриявӣ, хориҷӣ ва дар  озмунҳои ихтирокорон иштирок намуда сазовори сипосномаҳо, ифтихорномаҳо ва дипломҳо гардидаанд. (Баҳруллои Х., Абдуназаров Б.Ҷ. ва Расоев З.-бо СИПОСНОМАИ Корхонаи воҳидии давлатии «Тоҷикагролизинг», соли 2018; Баҳруллои Х. ва Абдураҳмонов А.Р.- бо дипломи ДАРАҶАИ 1, дар озмуни-фестивали ҷумҳуриявии «Наврасон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон созандагони Ватан», соли 2018; Абдуназаров Б.Ҷ.-бо СИПОСНОМАИ Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ноҳияи И.Сомонии ш.Душанбе, соли 2019). 

       Дар пойгоҳи факултет Бюрои конструкторӣ ва Маркази рушди истеъдодони олимони ҷавон ташкил карда шудааст, ки донишҷӯёни маҳфили илмии кафедра дар он Марказ ба ихтироъкорӣ ва эҷодкорӣ банд мешавад. Донишҷӯёни ҷамъияти илмии кафедра дар ин пойгоҳи навташкил сохтани мошину олотҳои кишоварзӣ ва дастгоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро ба анҷом расонида пешкаши ҷамъияти илмии кафедра намуданд.