Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи Назарияи иқтисодӣ

 

АШУРОВ Шуҳрат Абдулвожидович,
мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

 

Кафедра соли 1964 бо номи иқтисодӣ  сиёсӣ ва соли 1996 бо талаботи замон номи он ба назарияи иқтисодӣ иваз карда шудааст.

 Мудирони кафедра:

  • солҳои 1964-1996 – д.и.и., профессор  Миракилов.Т.М.
  • солҳои 1996-2005 – д.и.и., профессор  Эргашев А.Э.
  • солҳои 2005-2006 – д.и.и., профессор  Самандаров И.Ҳ.
  • солҳои 2006-то декабри 2006 дотсент Олимов А.Х.
  • солҳои 2007-то августи 2007 н.и.и., Баева Н.Х.
  • солҳои 2007-2010 д.и.и., профессор Пириев Ҷ.С.
  • солҳои 2010-2016 д.и.и., профессор Ашӯров И.С.
  • солҳои 2016-2018 н.и.и., дотсент Бобоев Ш.Қ.
  • аз соли 2018  то ҳозир н.и.и., дотсент Ашуров Ш.А.

Ҳайати коллективи кафедра: Юсупова Д.С. н.и.и., дотсент, Баева Н.Х., н.и.и. дотсент, Ашӯров Ш.А., н.и.и. дотсент, дотсент омӯзгорон: Назаров Ш, Кабиров С.Ҷ., Воҳидов Р.Ҷ., Абдуалимов Ф. ва Насриддинов Ш.С. 

Устодони кафедра аз фанҳои: назарияи иқтисодӣ, нархгузорӣ дар шӯъбаҳои рӯзонаву ғоибонаи ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дарс мегузаранд.

Мувофиқи талаботи дохили донишгоҳӣ ва бо дастгирии раёсати донишгоҳ матни мухтасари лексияҳои фаннӣ аз чоп бароварда шуда, нусхаи электронии онҳо дар китобхонаи  донишгоҳ ҷойгир карда шудааст. Устодони кафедра дарсҳои худро ба дараҷаи баланди тахассусӣ гузаронида, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ омода намоянд. 

Барои самаранок гузаронидани дарсҳо ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷуён дар кафедра як қатор дастурҳои методӣ тайёр карда шудааст: аз он ҷумла курси мухтасари лексия доир ба фанҳо, силлабусҳои фаннӣ, дастурҳои методӣ оид ба иҷрои кори хатми бакалаврӣ, рисолаи магистрӣ, кори курсӣ ва назоратӣ омода гардида аст.

Устодони кафедра дар асоси мавзӯи кори илмӣ тадқиқотии тасдиқшуда барои солҳои 2015-2020  «Тараққиёти муносибатҳои бозорӣ дар КАС»-и Тоҷикистон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда ҳисоботҳо ва мақолаҳои илмӣ чоп карда истодаанд. Дар давоми понздаҳ соли охир дар назди кафедра зиёда аз 10 аспирантон рисолаҳои номзадии худро ҳимоя кардаанд.

Кори тарбиявӣ дар давоми сол аз гузаронидани соатҳои кураторӣ суҳбатҳо бо волидайни донишҷӯён иборат мебошад. Устодони кафедра ба ҳайси кураторони гӯруҳҳои академӣ фаъолият доранд. Дар соатҳои кураторӣ ба масъалаҳои рӯзмарраи сиёсӣ – иқтисодӣ ва дар бораи  баланд бардоштани сатҳи кӯшишу ғайрат, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, интизом, омухтани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва риояи талаботҳои дохили донишгоҳӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад.