Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварӣ"

 

 СУЯРОВА Сарвиноз Ҷумъаевна, 
мудири кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ

Кафедра ҳамчун воҳиди сохтори идоракунии донишгоҳ  соли 1965 ташкил шуда, профессор Я.Д. Нагибин роҳбарии ин кафедраро аз рӯзи таъсис то соли 1974 ба зима дошт.

Минбаъд  роҳбарии кафедраро дар солҳои гуногун: дотсент Мансуров Н.И.(1974-1987), профессор Ҷаборов Х. (1987-1996, 2014), профессор Исмоилов М.И. (1996-2000), дотсент Алямов А. А. (2000-2002), профессор Расулов С. (2002-2012), дотсент Кароматов Ш. Ш. (2012-2014), доктори илмҳои кишоварзӣ Саидов С.Т. (2014-2015) ба ӯҳда доштанд.

Аз моҳи январи соли 2016 сарварии кафедра ба ӯҳдаи номзади илмҳои кишоварзӣ Суярова С.Ҷ. гузошта шудааст.

Кафедраи мазкур, ҳамчун кафедраи махсусгардонидашудаи тахассусӣ дар омода намудани мутахассисони ихтисосҳои 3102-«Агрономӣ», 740202  «Селексия ва генетикаи зироатҳои кишоварзӣ» ва инчунин дигар ихтисосҳои самти агрономӣ саҳми назаррас дорад.

Кафедра маркази муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи селексия, тухмипарварӣ ва генетикаи зироатҳои кишоварзӣ буда, олимони зерин дар он фаъолияти пурсамари омӯзгорию илмӣ кардаанд: Ҷ.Қ. Қосимов, Н.И. Мансуров, Ҳ.Ҷ. Ҷумонқулов, Р.М. Маҳмудов, И.И. Исломов, А. Холматов, Г.П. Красюк, У.А. Мусавӣ, Н.М. Муҳиддинов, У. Рахматуллоев, С. Х. Савлатов, М.Н. Самандаров, М. А. Маҳмудҷонов, А. А Алямов, А. Садриддинов, А. Содиқов  Г. Қаюмов, А. Каримов, Г. Домишлинетс, Л.С. Исакова, Россинская И.И., Маҳбубов М., С.Т. Саидов, Я. Тӯхтаев,  Б. Р. Расулов, А. А. Ҳафизов., Х. Бурҳонов, М. Азимова Х. Ҷаборов, С, Расулов.

Ҳоло дар кафедра аз рӯйи 13 фан профессорон Саидов С.Т., Исмоилов М.И., дотсентон Ҳайдаров З.Ё., Қосумбекова Ф.А., Суярова С.Ҷ, омӯзгорон Мамедова Ш.Ғ, Холов Б.Ҳ, Садирова С.С., Ализода Н.Р дарс мегӯянд.

Самти асосии фаъолияти илмии кафедра  аз ибтидои таъсисёбии он ба даст овардани маводи аввалия барои селексияи зироатҳои кишоварзӣ, пахтаю ғаллагиҳо вобаста ба шароити агроиқлимии манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ва таҳияи технологияи парвариши онҳо буда, дар солҳои охир корҳои зиёди  илмӣ анҷом дода шудааст; Аз он ҷумла: 3 монография, 6 китоби дарсӣ, 6 дастури услубӣ, 160 мақолаи илмӣ, 4 тавсиянома рӯйи чоп овардаанд.

Корҳои илмию тадқиқотӣ дар асоси барномаҳои тасдиқнамудаи Шӯрои олимони донишгоҳ вобаста ба талаботи низоми кишоварзии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудаанд. Натиҷаи фаъолияти хуби илмӣ буд, ки соли 1999 бо қарори Комиссияи озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пахтаи миёнанахи навъҳои «Ҳисор» (дар ҳамкорӣ), соли 2002 «Суғдиён-2» ва соли 2013 «Зарафшон-1», ки муассиси ин навъҳо кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур аст,  дар манотиқи ҷумҳурӣ  ноҳиябандӣ карда шудаанд.

Дар соли 2015 пахтаи миёнанахи навъи «Ҳулбук», гандуми навъҳои «Моҳи нав» ва «3000-солагии Ҳисор» дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳиябандӣ карда шуда, навъи  тритикалеи «Юсуфӣ» навъҳои ояндадор ҳисобида шудааст. Олимони кафедра бо 2 патент ва 7 шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироот қадр карда шудаанд.

Кафедра ба нақша гирифтааст, ки тритикалеи навъи «Авесто»-ро барои санҷиш ба Комиссияи давлатӣ навъсанҷӣ супорад.