Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ"

 

ДАВЛАТОВ Мақсудҷон Нарзиалиевич,
мудири кафедраи парандапарварӣ  ва занбӯриасалпарварӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ

 Кафедраи парандапарварӣ  ва занбӯриасалпарварӣ аз моҳи сентиябри соли 2014 аз дохили кафедраи зоотехнияи ҷузъӣ ҷудо гардида, бо роҳбарии д.и.к., профессор Шарипов А. фаъолиятро оuоз кардааст. Аз ин давра ба ин кафедра доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Шарипов А. сарварӣ мекард. 2018 сентябр

Аз рӯзи ташкилёбӣ дар кафедра д.и.к., академики АИКТ Комилзода Д.Қ., н.и.к., дотсент Раҳматова С.А., омӯзгорони калон Fуломов М., Қаҳҳоров Н.Ш., Усмонов Н.С., ассистентон Зубайдов К.Ш., Тешаева Б.З., Давлатов М.Н., Миравшозода М.Р. ва ташхисгар Сатторова М. кору фаъолият кардаанд. Ҳоло дар кафедра н.и.к., омӯзгори калон Давлатов М.Н. роҳбарӣ дорад ва  д.и.к., профессор Шарипов А., д.и.к., академики АИКТ Комилзода Д.Қ., н.и.к., дотсент Раҳматова С.А., омӯзгорони калон Усмонов Н.С., Зубайдов К.Ш. ва ташхисгар Неъматов К.Н. банди корҳои таълимӣ ва тадқиқотҳои нав мебошанд.

Дар кафедра солҳои охир бо ташаббуси мудири кафедра сексияи занбӯриасалпарварӣ  ва парандапарварӣ кори худро оuоз кардааст, ки дар он дӯстдорони соҳа ва донишҷӯён гирд омада, таҷрибаи бойи худро онҳо дар ин сексия сайқал медиҳанд. Аз давраи ташкилёбӣ дар кафедра 4 нафар унвонҷӯ Қаҳҳоров Н.Ш., Улуuов О.П., Зубайдов К.Ш. ва Давлатов М.Н. рисолаи номзадии худро оид ба масъалаҳои соҳаи занбӯриасалпарварӣ ҳимоя кардаанд. Айни ҳол 3 унвонҷӯ омодаи ҳимояи кори илмӣ мебошад.

Ин кафедра вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисони соҳаи парандапарварӣ ва занбӯриасалпарвариро тарбия карда, ба воя мерасонад ва дар раванди таҳсил ба ихтисосҳои  парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ мутасаддӣ мебошад. Дар кафедра айни замон китобҳои дарсӣ, дастурамалҳо ва дастурҳои методӣ мавҷуданд. Кафедра аз рӯйи  ихтисосҳои  парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар 4 факултети донишгоҳ - агрономӣ, агробизнес, боuдорӣ ва зооинженерӣ дарс меомӯзонад.