Кафедраи растанипарварӣ
ҚУРБОНОВА Барно Абдуғаниевна,
мудири кафедраи растанипарварӣ, номзади илмхои кишоварзӣ, дотсент
Таълими фанни растанипарварӣ аз соли 1934 оғоз ёфта, соли 1940 кафедраи бисёрсоҳавии "Растанипарварӣ, пахтакорӣ, селексия ва тухмипарварӣ" таъсис дода мешавад. Соли 1965 бо номи кафедраи "Растанипарварӣ» таъсис меёбад. Аввалин мудири он дотсент П.К. Макарович (1940-1942) буда, минбаъд профессор В.М. Румянсев (1942-1943), дотсентон Х.И. Трегулов, П.Г. Чмелёв ва А.П. Ермоленко сарварии кафедраро ба дӯш доштанд. Тӯли солҳои 1957-1965 олими шинохта, селексионери маъруф профессор Нагибин Я.Д., солҳои 1965-1993 Агрономи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Қосимов Ҷ.Қ., ҳамчунин дотсент Холматов А.Х. (1993-1998), профессор Бухориев Т.А. (1998-2001), профессор Маҳмадёров У.М. (2001-2005), дотсент Ҷабборов Т.Ҷ. (2005-2013), дотсент Шарипов Н.С. (2013-2017), дотсент Қурбонова Б. (2017-2018), дотсент Рашидова М.М. (2018-2019) роҳбарӣ намудаанд. Аз сентябри соли 2019 вазифаи сарварии кафедраро дотсент Қурбонова Б.А. ба ӯҳда дорад.
Имрӯз дар кафедра аз рӯи 7 фан академик Набиев Т.Н., профессор Маҳмадёров У.М., дотсентон Ҷабборов Т.Ҷ., Рашидова М.М., Қурбонова Б.А., ассистентон Насриддинов Қ.А. ва Зоҳидов Б.М. ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Кафедра маркази муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи растанипарварӣ буда, дар он олимони шинохта Масаидов Р.С., Бухориев Т.А., Шукуров Р.Э., Ермоленко А.П., Невзоров В.В., Холматов А.Х., Исломов И.И., Бойсариев И.Э., Филимонова Н.Ф., Пиксаева И., Полишук Ф.Н., Муродова И.С. фаъолият кардаанд.
Кафедра барои омода намудани ихтисоси 740201-«Агрономӣ» махсус гардонида шудааст. Дорои 2 озмоишгоҳи илмию таълимӣ мебошад.
Олимони кафедра тӯли 5 соли охир дар мавзӯи «Беҳгардонии усулҳои парвариши зироатҳои саҳроӣ дар шароити заминҳои обии Тоҷикистон» кори илмӣ анҷом дода, 4 монография, 4 китоби дарсӣ, 8 дастури услубӣ, 83 мақолаи илмӣ, 11 тавсиянома рӯи чоп овардаанд. Ҳамчунин аз рӯи корҳои илмии хеш соҳиби 1 шаҳодатномаи муаллифӣ гардидаанд.
Олимони кафедра тӯли 5 соли охир дар мавзӯи «Такмил додани технологияи парвариши зироатҳо бо мақсади баланд бардоштани самаранокии заминҳои корам барои солҳои 2016-2020 дар шароити заминҳои обии Тоҷикистон» кори илмӣ гузаронида истодаанд, 5 монография, 6 китоби дарсӣ, 8 дастури услубӣ, 167 мақолаи илмӣ, 11 тавсиянома рӯи чоп овардаанд. Ҳамчунин аз рӯи корҳои илмии хеш соҳиби 1 шаҳодатномаи муаллифӣ гардидаанд.
Олимони кафедра яке аз муаллифони навъи гандуми навъи «Садоқат» буда, муҳимтарин корҳои илмии анҷомдодаи онҳо гирифтани ду ҳосили дон дар як сол, аз як замин ва амалӣ намудани усули бо кучат парвариш намудани зироатҳои кишоварзӣ мебошад.