Кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор
НУРУЛЛОЕВ Забҳулло Хайруллоевич,
мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор соли 1965 бо номи "Техникаи ҳисоббарорӣ ва усулҳои иқтисодӣ - риёзӣ" ташкил шудааст. Аввалин роҳбари он профессор Мадаминов А.А. буд. Аз сентябри соли 1968 роҳбарии кафедраро дотсент Улмасов Н . У . ба уҳда дошт. Аз сентябри соли 1983 то моҳи майи соли 1999 дотсент Қурбонов Т.К. ба кафедра роҳбарӣ кард. Аз моҳи майи соли 1999 то мохи апрели соли 2015 вазифаи мудирии кафедраро дотсент Элмуродов З. ба уҳда дошт. Аз моҳи апрели соли 2015 то сентябри соли 2016 кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ Ғоибназаров С.М. роҳбарӣ менамуд. Ҳоло иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра дотсент Нуруллоев З.Х мебошад.
Ҳоло дар кафедра устодон, Самандаров И.Ҳ., Набиев И., Элмуродов Х., Абдуллоев Д., Сангинова У., Самандарова З. кор мекунанд. Устодони кафедра барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти КАС-и ҷумҳурӣ тадқиқотҳои илмӣ мебаранд. Кафедра дар мавзӯи «Самаранок истифодабарии захираҳои истеҳсолӣ» тадқиқоти илмӣ бурда, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ рӯи чоп овардааст.
Дар давоми солҳои фаъолият дар кафедра 8 - нафар устодони кафедра рисолаҳои номзадии худро ҳимоя карданд. Ҳоло дар кафедра 6 нафар аспирантон ва унвонҷӯён корҳои илмӣ –тадқиқотӣ бурда истодаанд. Дар натиҷаи корҳои илмӣ-тадққотӣ аз тарафи профессор Самандаров 2 монография ва аз тарафи дотсентон Элмуродов З.,Олимов А.Х. ва Раҳимов Ҷ.О. 2 монография аз чоп бароварда шуд.