Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Хизматрасонии техникӣ ва таъмири мошинҳо"

 

АМИРОВ Нуридин Ризвонович,
мудири кафедраи хизматрасонии техникӣ ва таъмири мошинҳо, номзади илмҳои техникӣ  

Дар соли соли 2012 бо мақсади мустаҳкам намудани иқтидори кадрии омӯзгорони уновони илмӣ ва пайдо шудани талаботи истеҳсолӣ, кафедраҳои истифодабарии парки мошину тракторӣ ба кафедраи таъмири мошинҳо ва  технологияи металлҳо ҳамроҳ карда шуда  кафедра  номи хизматрасонии техникӣ ва таъмири мошинҳоро соҳиб гашт. Дар  пешрафти кафедра  академик: Петров Ю.Н; профессорон: Лядский В.Б., Саидов Ш.В., Ҷабборов Н.И., Акрамов В.М., Кароматуллоев Э.С., Ризоев А.Б.,  Баҳриев С.Х., Сафаров Х.С; Бозоров Ш.Ш;дотсентон:  Исоев С.И., Шарифов Ш.Б., Кимсанов А.К., Садуллобеков Ҷ., Умирзоқов А.М., Соибов А.А., Камолов Т.М., Мансуров У.М., Пулодов А.П., Масумов М.М., Азамов Б., Мираков Қ. Назаров В.А., Давлатмуродов Г.Н., Муҳиддинов Қ.Р., Зокиров Ш.З., Лехинкойнен М.М., , Ли Б.М.,Отоев Т.О., Арабов И.А., Обидов А.А., Семенов Л.Е., Тешаев С.Т., Турсунов Н.С.,  Андреанов И.П.,  Перегулов Ф.М.,  Мироқилов  Ҷ.Ҳ.,Ҷабборв П.Н.,  Амиров Н.Р.  бо фаъолияти босамари  худ саҳмгузор мебошанд.Дар айни замон дар кафедра  н.и.т., дотсент Амиров Н.Р., профессорон Сафаров Х.С., Кароматуллоев Э.С., дотсент Кимсанов А.К., омузгорони калон: Ясинов Ш.М., Эркинов М.А., Раҳимов Б.Ғ., ассистентон: Абдуллоев Н.Х., Шаҳобуддини З., лаборант Қаршиева М.Ш. кор карда истодаанд.

  

Дар сохтори кафедраҳои  синфхонаҳо -  5; озмоишгоҳ – 7; устохона -1 тахасусӣ мебошад, ки ҳар сол зиёда аз 40%-и донишҷӯёни хатмкунандаи ихтисосҳои 740601 «Таъмини техникии ва равандхои истеҳсолоти  кишоварзӣ»   ва 740602 «Таъмини техникии ва равандхои   механиконии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»  рисолаҳои  хатмашонро дар ҳамин кафеда иҷро менамоянд.

Омӯзгорони кафедра борҳо дар конфренсияҳои илмӣдар  ҳошияи ҳамкориҳо дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Саратов, Киров, Тошкент, Ашхобод, Тамбов, Волгоград ва дигарҳо   бо мавзуҳои илмӣ баромад карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.

Кафедра бо истеҳсолот ахлоқаи зич дорад. Дар хоҷагии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор филиали кафедра арзи вуҷуд дорад, ки дар он ҷо як қисми дарсҳои лабораторӣ-саҳроӣ гузаронида мешавад. Имрӯзҳо олимони кафедра дар хоҷагиҳои Вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Рӯдакӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд.

Дар даврони Истиқлолият аз тарафи омузгорон 16-китоб бо забони давлатӣ ва русӣ, ки аз он 12-тоаш китоби дарсӣ  мебошад аз чоп баромадааст. Аз он ҷумла профессор Сафаров Х.С. се китоби дарсӣ ба забони точикӣ:  «Истифодабарии техникии парки мошину тракторҳо» (соли 2003), «Таъминоти техникии истифодабарии парки мошину тракотҳо» (2008) бо ҳамроҳии дотсент Кимсанов А.К. ва як монография дар мавзӯи: «Формирование системы технического сервиса на основе организации машинно-технологических станций в республике Таджикистан»:  Дар соли 2012 аз тарафи профессор Сафаров Х.С., монография дар мавзуи «Оценка технического состояния автоматической муфты опережения впрыска топлива энергонасыщенных тракторов», «Фарҳанги истилоҳоти техникаи кишоварзӣ ва технологияи филизот (русӣ-тоҷикӣ) (соли 2011), Фарҳанги умумитехникӣ (русӣ-англисӣ ва тоҷикӣ) (соли 2016), Фарҳанги мухтасари  умумитехникӣ (русӣ-англисӣ-тоҷикӣ) (соли 2016) :   Ҷабборов Н.И., Кимсанов А.Н., монография дар мавзӯи « Резервы повышение эффективности использования сельскохозяйственные техники»  (2000 г.):  Кароматуллоев Э.С., «Истифодабарии техникии парки мошину тракторҳо» (соли 1997), Истифодабарии парки мошину тракторҳо»   (соли 2008), Маҷмӯи масъалаҳо аз фанни Истифодабарии парки мошину тракторҳо дар  якҷояги бо д.и.т., профессор Аҳмадов Б.Р., «Механиконии кишоварзӣ» дар соли  2013;профессор Акрамов В.М. китобҳои дарси: «Технологияи масолеҳи конструксионӣ»  (соли 2008), «Кафшер ва бурриши фулузот» (соли 2010), «Технологияи фулузот ва масолеҳи конструксионӣ» (соли 2011), «Машғулиятҳои лабараторӣ ва амалӣ аз фанни масолеҳи конструксионӣ ва масолеҳшиносӣ» (соли 2012);  Саидов Ш.В., Соибов  А.А., китоби дарси бо забони русӣ  «Управление качеством  и конкурентаспособностью двигателей» (соли 2008);  Ясинов Ш.М., 2-китоб дар бораи  Топинамбур (ноки заминӣ) –зироати ояндадор дар кишоварзӣ (соли 2016) «Аҳамияти тапинамбур дар таъмини озуқаворӣ ва сузишворӣ дар Тоҷикистон»  (соли 2016 ) бо забони  давлатӣ  ва русӣ аз чоп баромадааст.

Дар кафедра  омузгорон дар мавзӯи «Тарҳрезӣ ва  асоснокунии мошини муштарак барои коркарди байни қаторҳои боғҳои интенсивӣ» кори илмиро пеш бурда истодаанд.  Ҳайати  омузгорон ва профессорон вобаста ба сатҳи тадқиқот 6-мақола  дар маҷалаҳои  Федератсияи Росия  ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромада  ва 1-патент гирифта шудааст. 

Ассистенти кафедра Шаҳобуддини З. бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои лозимӣ оид ба мавзуи илмии кафедра дар фестивал озмуни  ҷумҳуриявии «Довталабан  ихтирокорон» дар соҳаи техника дар моҳи октябри соли 2018 иштирок намуда сазовори ҷои якум гашта соҳиби  нишони маркази патенти Вазорати рушд ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.   

Вазифаи асосии кори илмӣ ин омӯхтан ва тадқиқи техникаи шабоҳатдоштаи мавҷудбуда, тарҳрезӣ ва сохтани сохторҳои навъи техникаи хурдҷуса барои  коркарди байни қаторҳои боғҳои интенсивӣ мебошад.