Кафедраи таърих ва ҳуқуқ
ҶУРҒОСИЕВ Муллоаҳмадшо Ҷурғосиевич,
мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ, номзадиилмҳоифилологӣ, дотсент
Кафедраи таърих ва ҳуқуқ» соли 1931 таъсис ёфтааст. Айни ҳол вазифаи мудирии кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҷурғосиев М. Ҷ. бар ӯҳда дорад. Омӯзгорони кафедра ба донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ аз фанҳои таърихи муосири Тоҷикистон, ҳуқуқ аз рӯи ихтисос, психологияи фаъолияти касбӣ ва диншиносӣ дарс мегӯянд. Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии устодони кафедра дар асоси «Дастовардҳои Тоҷикистон дар замони шӯравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ» ба роҳ монда шудааст. Устодони кафедра пайваста мавзуи илмӣ-тадқиқотии кафедраро сармашқи кори худ қарор дода, масъалаҳои мубрами илми таърихнигории муосири тоҷикро мавриди таҳлилу тадқиқ қарор медиҳанд.
- Сарнавишти ходимони ҳизбию давлатии Тоҷикистон дар солҳои 20-30-юми асри ХХ;
- Нақши Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар таҳкими давлатдории миллӣ;
- Зиёиёни тоҷик дар солҳои 20-30-юми асри ХХ;
- Ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистони шӯравӣ бо мамлакатҳои хориҷи дуру наздик;
- Густариши равобити илмию фарҳангии ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон;
- Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон С. Айнӣ дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик;
- Эҳёи ҷашну анъанаҳои мардумӣ дар даврони истиқлолият.
Устодони кафедра дар раванди фаъолияти пурбаракати хеш дар як қатор конференсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар конференсияҳои илмӣ – амалӣ моҳи марти 1975 дар Пенза, майи соли 1975 дар Тошканд, июли соли 1977 дар Харков, июни соли 1977, июли соли 1978, феврали соли 1977, декабри соли 1979 дар Ленинград баргузор гардида буданд, дар мавзуъҳои мухталиф маърӯзаҳо намудаанд.
Айни замон 3-нафар устоди кафедра Бобохонов М.Б. дар мавзӯи «Робитаҳои илмии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупои Ғарбӣ», Шарифзода Р. дар мавзӯи «Саҳми ташкилоти байналхалқи дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ- иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 1997-2020», БаҳорзодаС.А. дар мавзӯи «Саҳми устод С. Айнӣ дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд.
Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён зери унвони «Тамаддун» амал мекунад. Тайи солҳои охир донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии байни мактабҳои олӣ аз фанни таърих ду маротиба ба дарёфти ҷои ифтихории 1-ум ва се маротиба ба ишғоли ҷои 2-юм мушарраф гардиданд. Инчунин донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2019 як маротиба дар ишғоли «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовориҷои 3-юм гардиданд.