Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва маркази тандурустӣ
ҲОМИДОВ Элмурод,
мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва маркази тандурустӣ, устоди варзиш
Машғулиятҳои таълимӣ оид ба тарбияи ҷисмонӣ аз солҳои аввали таъсисёбии донишгоҳ бурда мешаванд. Соли 1944 кафедраи ҳарбӣ ба гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ машғул буд. Тарбияи ҷисмонӣ соли 1948 чун фанни мустақил гардид ва дар донишгоҳ соли 1951 кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ташкил карда шуд. Мудири аввалин В.З. Рудин буд. Солҳои 1965-1981 ба кафедра П.В. Селезнёв сардорӣ карда, теъдоди кормандонаш то ба 14 нафар расида буд.
Дар давоми фаъолияташ дастаи варзишии донишгоҳ борҳо соҳиби унвонҳои чемпионӣ ва устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Ба монанди 4 варзишгари донишгоҳ дар муштзанӣ чемпион шудаанд, Дастаи занонаи волейболбозони донишгоҳ с. 1969-1976 чемпиони шаҳру ҷумҳурӣ буд. Солҳои 1971-1972 бошад, ин даста дар байни дастаҳои мактабҳои олии кишоварзӣ ба гирифтани унвони чемпиони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон мушарраф гаштааст,
Дастаи мардонаи волейболбозони донишгоҳ се маротиба соҳиби медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон, дорандаи ҷоми ш.Душанбе гаштааст. Варзишгарони донишгоҳ дар намоиши идонаи 1100-солаги Исмоили Сомонӣ ва спартакиадаҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ифтихорномаю дипломҳо гардидааст. Дастаи яккачини варзишгарони донишгоҳ дар Спартакиадаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба истиқболи ҷашни 10-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ иштирок намуда, дар 11 намуди варзиш қувваозмоӣ намуда, дар байни 16 даста ба гирифтани ҷои дуюм ва ҷому ифтихорнома мушарраф гардид.
Тавваҷуҳи раёсати донишгоҳ ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва ҳаёти солим бештар гардида дар доираи нақша-чорабиниҳо ҳамасола миёни донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ спартакиадаҳои варзишӣ ба монанди тениси рӯи мизӣ, футболи хурд ва калон, шоҳмот, волейбол гӯштини миллӣ ва дигар намудҳо гузаронида мешавад. Бояд қайд кард, ки майдони варзӣшӣ, маҷмаи варзишӣ соли ҷорӣ ба пуррагӣ аз таъмир бароварда шуда дар он сексияҳои варзишии гуногун бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён амал менамояд. Ҳамзамон дар майдончаҳои футболбозӣ ва волеёболбозии назди хобгоҳи донишгоҳ, ки таи солҳои охир ташкил карда шудааст, бошандагони хобгоҳ аз он самаранок истифодаи мебаранд. Бо ибтикори раёсати донишгоҳ соли ҷорӣ дар назди кафедра майдончаи хурди варзишии муосир сохта ба истифода дода шуд.