Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ дар корхонахои КАС

 

АНВАРОВ Икром Масъудович,
мудири кафедраи ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои КАС, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент 

Кафедраи ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои КАС соли 1931 таъсис ёфта, яке аз кафедраҳои аввалин дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ба ҳисоб меравад. Кафедраро дар солҳои гуногун инҳо роҳбарӣ мекарданд, профессорон: Мельников Н.И., Кузнетсов И.К., Кудрявтсев С.Н., Ярошевич Н.К., Клименко И.П.. Шопиро Л.Л., Севликянс Э.С., Мадаминов А.А., Носиров Р.; дотсентон: Шефтел И.М., Манякин А.Г., Мирзоев Т.М., Кодиров Ҷ.Қ.; муалими калон Муртазоев И.Ҳ. Аз моҳи декабри соли 2013 то инчониб кафедраро дотсент Анваров И.М. рохбарӣ мекунад.

Дар пойгоҳи кафедра соли 1963 шӯъбаи иқтисодии хоҷагии қишлоқ, минбаъд факултети иқтисодии хоҷагии қишлоқ таъсис ёфт.

Баъд аз ташкил шудани факултет дар солҳои гу­ногун аз ин кафедра кафедраҳои зерин: кафедраи иқтисоди хоҷагии қишлоқ (с. 1966); кибернетикаи иқтисодӣ (с.1968); ҳисоби буҳгалтерӣ дар хоҷагии қиш­лоқ, (с.1971); идоракунии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ (с.1978) ҷудо ва мустақил шуданд. Соли 1996 бо гузаштан ба системаи нави хоҷагидорӣ кафедраи ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ ба кафедраи микроиқтисодиёт табдил ёфта, соли 2003 ҳамчун кафедраи ташкили истеҳсолот дар   корхонаҳои КАС то ҳол фаъолият карда истодааст.

Ҳоло дар кафедра устодони зерин фаъолияти илмӣ-педагогӣ мебаранд: профессор Носиров Р.(аз соли 1971); номзади илмҳои иктисодӣ, дотсент Анваров И.М.(аз соли 2003); омузгорони калон Каримова Р. С. (аз соли 1993), Ғафорова М.Р. (аз соли 2004), Пиров Б.А. (аз соли 2008),  Баротов А.А. (аз соли 2004), Қурбонзода Ф.Л. (аз соли 2005); ассистентон: Ризоева Ш. (аз соли 2011), Буранов О.В. (аз соли 2006), Қурбонова М.Т. (аз соли 2012).  

Устодони кафедра бо забонҳои давлатӣ ва русӣ дар ҳашт факултети донишгоҳ дарс гуфта, барои тайёр намудани кадрхоӣ баландихтисоси соҳаи комплекси агросаноатӣ саҳми сазовор мегузоранд.

Аз тарафи устодони пуртаҷрибаи кафедра дарсҳои кушод оид ба проблемаҳои ташкил ва тараққиёти истеҳсолоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озукавории Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо гузаронида мешавад, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши, натанҳо донишҷӯён, балки унвонҷӯён, аспирантон ва омӯзгорони ҷавон хело муфид мебошад.

Ҳайати коргарони кафедра, барои баланд бар­доштани сифати дарс, дараҷаи савияи дониши донишҷӯён китобҳо як қатор дастурҳои методӣ ва лавозимоти дарсӣ, дастурамал, вазифа ва бозиҳои амалӣ, маҷмӯи лексияҳо барои ҳамаи курсҳо, дастурҳои методӣ барои навиштани корҳои курсӣ доир ба фанни «Ташкили истехсолоти кишоварзӣ» чоп намудаанд, ки барои омӯхтани он кӯмаки амалӣ мерасонанд. Барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён бо иштироки устодони кафедра вазифаҳои истеҳсолӣ ва дастурамал барои фермаҳои чорводорӣ, бригадаҳои пахтакорӣ, зироаткорӣ, тракторӣ ва сохтани нақшаи истеҳсолӣ ва харитаи технологӣ таӣёр карда шудааст.

Устодони кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотиро аз рӯи мавзӯи: «Ташкили истеҳсолот дар шаклҳои гуногуни корхонаҳои кишоварзӣ ва тараққиёти базаи моддӣ-техникии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ» пеш мебаранд ва аз натиҷаи он китоб ва мақолаҳои илмӣ навишта ба хонандагон пешкаш намудаанд.

Дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ, мусаллаҳгардонии комплекси агросаноатӣ бо воситаҳои тех­никӣ, тараққиёти оянда ва самаранок истифодабарии он роли муҳимро мебозад, ки оид ба ин проблема устодони кафедра Носиров P., Анваров И.М. корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд ва як қатор шогирдонро тарбия намудаанд.

Дар кафедра ба ғайр аз дастурамалҳо, тавсияномаҳо, нишондодҳо оид ба дарсгузарӣ, навиштани корҳои курсӣ, ҳисоб намудани самаранокии ташкили истеҳсолот пешниҳодҳо, лоиҳаҳо, китобҳои дарсӣ ва монографияҳо ба нашр расонда шудааст. Аз он ҷумла:

  • Қодиров Ҷ.Қ. – «Проблемаҳои асосии иқтисодии баланд бардоштани самаранокии пахтакорӣ дар шароити прогресси илмӣ-техники», «Роҳҳои паст кардани арзиши аслии пахта», «Махсусгардонии истеҳсолот дар пахта­корӣ», «Тараққиёти базаи моддӣ-техникии пахтакорӣ дар Тоҷикистон»;
  • Манякин А.Г. (бо ҳаммуалифӣ) – «Ҳисоби хочагӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ», «Пахтакорӣ» (китоби дарсӣ);
  • Мирзоев Т.М. – «Баҳодиҳии иқтисодии заминҳои обёрӣ ва истифодаи онҳо»;
  • Шукуров И.Ш. (бо ҳаммуалифй) – «Ҳисоби бухгалтерӣ дар хоҷагии фермерӣ»;
  • Носиров Р., Самандаров И.Ҳ., Шукуров И.Ш., Мирзоев Т.М. – «Ташкили  истеҳсолоти кишоварзӣ», (курси лексияҳо), қисми 1 ва 2 (2007);
  • Носиров Р., Самандаров И.Ҳ., Шукуров И.Ш., Мирзоев Т.М. – «Ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ», китоби дарсӣ, (2009);
  • Носиров Р., Шомаҳмадов А.Қ.- «Организация технического сервиса в дехканских хозяйствах», брошюра, (2009);
  • Носиров Р.- «Рынок сельскохозяйственной техники депрессивного региона», монография;
  • Самандаров И.Ҳ., Шоинбекова Қ.З.- «Социальная инфраструктура села»,  монография, (2012);
  • Носиров Р., Улфатов А.Ғ.- «Эффективность использования электрической энергии в сельском хозяйстве», монография,(2016);
  • Носиров Р., Самандаров И.Ҳ., Шукуров И.Ш., Анваров И.М.– «Ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ», китоби дарсӣ, (2018).

Мақолаҳои зиёде дар рузномаҳо, маҷаллаҳо ва варакаҳои ахборӣ оид ба ташкили самаранок истифодабарии тракторҳо ва мошинҳои кишоварзӣ дар КАС аз устод Носиров Р., Анваров И.М.; тараққиёти инфраструктураи иҷтимоии деҳот, аз устод Самандаров И.Ҳ., Шоинбекова Қ.З., Ғафорова М.Р. корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраро ғанӣ гардонидаанд.

Дар солҳои гуногун аспирантон ва унвоҷӯёни кафедра Комилова Г., Дадобоев Т., Ҷураева Ҷ., Муҳаммад Маятӣ, Норова М.Р., Шомаҳмадов А.Қ., Анваров И.М., Шоинбекова Қ.З.,Саидмуродов Ҷ., Кабиров Н.Ш., Улфатов А.Ғ. рисолаҳои номзадии худро бо муваффақият ҳимоя намуда дараҷаи номзади илмҳои иқтисодиро соҳиб гаштанд.

Ҳоло дар кафедра таҳти роҳбарии профессор Носиров Р. ва олимони варзидаи чумҳуриамон чун: Пириев Ҷ.С., Самандаров И.Ҳ., Қудратов Р.Р. аспирантхо ва унвонҷӯёни зерин: Пиров Б.А., Қурбонзода Ф.Л., Ғафорова М.Р., Қурбонова М.Т., Баротов А.А., Буранов О.В. оид ба проблемаҳои интихобшудаашон кори илмӣ мебаранд ва як қатори онҳо аз ҳимояи пешакӣ гузашта, тавсия барои дифоъ намудани рисолаҳои илмиашон гирифта ва ҳоло омодаи ҳимояи асосӣ мебошанд.

Устодони кафедра дар ҳамаи корҳои  ҷамъиятии  донишгоҳӣ  ва  ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, бо ифтихорнома ва раҳматномаҳо  сазовор  дониста  шуданд.