Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар КАС

Barotov

 

Баротов Дилшод Абдуллоевич 
мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ дар  КАС, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар КАС соли 1995 ҳамчун кафедраи алоҳида бо номи "Информатика" ташкил карда шуда, аз соли 2003 бо номи "Технологияҳои иттилоотӣ дар КАС" арзи вуҷуд дорад. Авввлин мудири кафедра корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Мадаминов А.А. буд. Аз соли 1995 то моҳи ноябри соли 1999 дотсент Ҷамолиддинов Н. аз моҳи ноябри соли 1999 то соли 2001 муаллими калон Қурбонов К.Ю. аз моҳи сентябри соли 2001 то моҳи декабри соли 2004 дотсент Мирзоев Б. вазифаи мудирии кафедраро ба уҳда доштанд.  Ин вазифаро аз моҳи декабри соли 2004 то моҳи июни соли 2015 имрӯз дотсент Қурбонов К.Ю. ба уҳда дошт. Аз моҳи июни соли 2015 то моҳи апрели соли 2021 дотсент Маликов И.А. ба уҳда дошт. Роҳбарии кафедраро аз моҳи апрели соли 2021 то ҳоло дотсент Баротов Д.А. ба уҳда дорад. 

Ҳоло дар кафедра Бадалова Б.А., Сангов Ҳ., Юсуфзода Ф.С., Мусоев Р.М., Холова М.А., Карамова М., Ахмедова Г., Одинаева С.Р. Содиқова Ш.Х., Ятимов Ш.Х. фаъолият доранд. 

Дар кафедра дар мавзӯи "Таъминоти иттилоотӣ - омили таъмини амнияти озуқавори ва коркади саноатиӣ масулоти кишоварзӣ" корҳои илмӣ тадқиқотӣ пеш бурда мешавад.  Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон дар 180 мақолаҳои илмӣ дарҷ гардидаанд. Ба ғайр аз ин дар кафедра корҳои зиёд оид ба ҷорӣ намудани натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар истеҳсолот бурда мешаванд. Аз натиҷаи корҳои илмӣ монография, китобча, дастурҳои методӣ чоп шудааст.