Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Технологияи коркарди маҳсулоти чорводорӣ ва хӯронидани чорво"

 

РАҶАБОВ Фарҳод Меликбоевич,
мудири  кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорводорӣ ва хӯронидани чорво, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор

Кафедра тибқи қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, № 1, аз 30 августи соли 2016, дар натиҷаи ҳамроҳ кардани кафедраи «Технологияи коркарди маҳсулоти чорводорӣ» бо кафедраи «Хӯронидани чорвои хоҷагии қишлоқ ва таҳлили хӯрока» ташкил карда шудааст. Кафедраи «Хӯронидани чорвои хоҷагии қишлоқ ва таҳлили хӯрока» соли 1946, кафедраи «Технологияи коркарди маҳсулоти чорводорӣ» соли 2005 ташкил карда шудааст.            

Мудири кафедра - доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Раҷабов Ф.М. мебошад. Айни замон дар кафедра доктори илмҳои биологӣ, профессор Амиршоев Ф.С., номзадҳои илмҳои кишоварзӣ, дотсентҳо Муруватов Ҷ.М.,  Шамсов Э.С., Бозоров Ш.Э., номзади илмҳои кишоварзӣ, омӯзгори калон Шомуродова З.М., омӯзгори калон Соатов С.С., ассистентҳо Бахтиёри Сайвалӣ ва Гадоева С.Р., ташхисгар Майдаева Ш. фаъолият менамоянд. Устодони кафедра ба масъалаи чопи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, беҳтар намудани сифати таълим диққати зиёд медиҳанд. Устодони кафедра муаллифи 17 китоби дарсӣ ва маҷмӯаи лексияҳо буда, зиёда аз 200 дастури методӣ тартиб додаанд.

Аз натиҷаи тадқиқотҳои гузаронидашуда бо роҳбарии профессор А.Қ. Ғаффоров 3 нафар рисолаи докторӣ ва 13 нафар рисолаи номзадӣ, таҳти роҳбарии профессор Ф.М. Раҷабов 7 нафар рисолаи номзадӣ бомуваффақият ҳимоя намуданд. Дар асоси тадқиқотҳои бисёрсола аз ҷониби устодон ва кормандони кафедра зиёда аз 20 тавсияномаҳо кор карда  шудааст.

Кафедра дорои лабораторияҳои хуб таҷҳизонидаи таҳлили зоотехникии хӯрокҳо, хӯронидани чорво, коркарди шир, технологияи коркарди маҳсулоти чорводорӣ мебошад.