Кафедраи технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ
ХОЛОВ Фатҳулло Шарифович
мудири кафедраи технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент
Кафедраи технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ 29.01.1993 дар сохтори факултети «Боғу токпарварӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ» ташкил шудааст. Аз соли 1996 то соли 2001 профессор Каримов М. К., солҳои 2001 то 2002 дотсент Салимов А.Ф., солҳои 2002 то 2003 дотсент Ахмедов Н.А., солҳои 2003-2013 дотсент Холов Ф.Ш., солҳои 2013-2019 дотсент Неъматуллоев З.С., солҳои 2020-2021 Ҳайдарова Б.А. солҳои 2021-2022, Минҳоҷов С.Н. мудири кафедраи мазкурро ба уҳда доштанд. Аз моҳи сентябри соли 2022 ба вазифаи мудири кафедра н.и.б. Холов Ф.Ш. вогузор шудааст.
Кафедра ба донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур дарсҳои назариявию амалӣ мегузаранд. Айни замон дар кафедра омодасозии мутахасисони зинаи бакалавр аз рӯйи ихтисосҳои 490101-«Таъмини техники раванди нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизои растанӣ», 490101-2501 «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ – иқтисодиёт» ба роҳ монда шудааст.
Дар кафедра докторони илм, профессорон Салимзода А.Ф., Алиев К.А., дотсентон Холов Ф.Ш., Ҳайдарова Б.О., омузгорони калон Нозимов К.Ҳ.ва Маҳмадова Г.Ю., ассистентон Сабуров С.И., Наврӯзи А., Раҳимов О. А., ба таълиму тадриси донишҷӯён машғул мебошанд.
КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ
Мавзӯи корҳои илмию тадқиқотӣ бозгӯи талабот буда, ба раванди имрӯзаи ҳаёти иқтисодӣ ва бозаргонии кишвар мутобиқат мекунад. Кафедра аз рӯйи мавзӯи «Омӯзиши ташкили технологияи нигоҳдорӣ, маркетинг ва логистикаи меваҷот дар шароити Тоҷикистони Марказӣ» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пеш мебарад. Тадқиқотҳо тибқи масоили ҷараёнҳои бозаргонӣ ва истеҳсолот дар шароити ҳозиразамони хоҷагидорӣ бурда мешавад. Дар ҳамин асос устодони кафедра барои ба чоп омода намудани монография, тавсияномаҳо, маҷмӯи лексияҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ, мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимӣ кушиш ба харҷ медиҳанд.
Кафедра зодаи замонӣ босозӣ ва иқтисоди бозоргонӣ мебошад. Кафедра бо АИК Тоҷикистон, АИ ҶТ, Донишгоҳи аграрии Латвия, Донишгоҳи аграрии Словакия, Донишгоҳи илмҳои тандурустии Литва, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Тоҷикстандарт, Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии мамлакат ва корхонаҳои саноатии соҳаҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ робитаҳои илмию тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ дорад. Филиали кафедра дар пойгоҳи ҶДММ «Ситабр-Агро» мавҷуд буда, донишҷӯён ва магистрону аспирантҳо дар он таҷриба ва тадқиқотҳои худро идома дода истодаанд.
Дар пойгоҳи кафедраи технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ озмоишгоҳи илми –таълимии «Сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ» мавҷуд аст, ки фаъолияти он аз моҳи ноябри соли 2015 шуруъ гардидааст. Озмоишгоҳи мазкур дар асоси амалишвии лоиҳаи «ТЕМПУС»-№544529 “Таҷдидсозии маълумоти оли дар соҳаи сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон” бо кушодашавии барномаи магистрӣ аз руи ихтисоси 19030205 технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ 12.11.2015 таъсис дода шудааст. Дар озмоишгоҳ ҳамаи дастгоҳу асбобҳои лозима барои муайян намудани сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, омузиши микрофлораи маҳсулоти ғизоӣ мавҷуд аст. Озмоишгоҳ барои корҳои илми-тадқиқотии докторони магистрон ва донишҷуёни ихтисосҳои кафедра пешбини шудааст.
Дар пойгоҳи кафедраи технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 01. 09. соли 2019 кафедраи «Сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ» таъсис дода шудааст.