Кафедраи воситаҳои энергетикӣ ва бехатарии меҳнат
ИСОЕВ Умар Пирназарович,
мудири кафедраи воситаҳои энергетикӣ ва бехатарии меҳнат, номзади илмҳои текникӣ, дотсент
Кафедраи воситаҳои энергетикӣ ва бехатарии меҳнаи дар нитиҷаи муттаҳидшавии кафедраи тракторҳо ва автомобилҳо бо кафедраи бехатарии фаъолияти ҳаётӣ моҳи декабри соли 2015 таъсис дода шудааст. Кафедраи тракторҳо ва автомобилҳо соли 1946 ва кафедраи бехатарии фаъолияти ҳаётӣ соли 1979 ташкил шудаанд.
Дар айни замо дар кафедра аз фанҳои тракторҳо ва автомобилҳо, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, техникаи гармӣ ва истифодабарии гармӣ дар кишоварзӣ, бо гарми таъминнамоии кишоварзӣ, бехатарии фаъолияти ҳаётӣ дар истеҳсолот, бехатарии фаъолияти ҳаётӣ дар ҳолатҳои фавкулодда, эргономика ва психологияи муҳандисӣ, асосҳои бехатарӣ аз сухтор, баҳодиҳии шароити меҳнат, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, лоиҳакашии технология ва воситаҳои бехатарӣ дар КАС, мудофиаи шаҳрвандӣ, назарияи сӯзиш ва таркиш, ноксология, ташкил ва технологияи бехатарии меҳнат, ташкили бехатарии меҳнат дарс омӯхта мешаванд.
Айни замон дар кафедра номзадҳои илмҳои техникӣ, дотсентон Исоев У.П. – мудири кафедра (аз соли 2022), Камолов Т.М. (аз соли 1982), Ризоев И.Б. (аз соли 1988), Насрединов А.С. (аз соли 1989), омӯзгорони калон Муҳамадиева С.Ғ. (аз соли 2014), Бобоев И.Ф. (аз соли 2007), Шокирхӯҷаев А.А. (аз соли 2007), Ҷаборзода Н.Ҷ. (аз соли ) ба таълиму тарбия машғуланд.
Дар кафедра дар даврони Истиқлолият 12 китоби дарсӣ, 6 дастури услубӣ барои иҷрои корҳои курсӣ, 122 дастури услубӣ барои гузарони-дани машғулиятҳои амалию озмоишӣ ва бештар аз 415 мақолаҳои илмӣ омода шуда, чоп шудаанд.
Самтҳои кори илмии кафедра гуногун буда, аз соли 1959 бо тадқиқоти кори дизелҳои тракторӣ дар шароити кӯҳсор оғоз шудааст. Инчунин дар кафедра тадқиқотҳо оид ба гузаронидани кори муҳаррикҳои дизелии тракторӣ ба сӯзишвории газӣ-дизелӣ, равғанмолии тракторҳо дар шароити ҳарорати баланд ва чанголудии ҳаво, дар соҳаи истифодабарии энергияи офтоб барои талаботҳои технологии кишоварзӣ, истифодабарии форсункаҳо, насосҳои сӯзишвории фишорбаланд ва муҳаррикҳои дизелӣ дар шароити экстремалии ноҳияҳои пахтакори Тоҷикистон, дар самти баҳодиҳии нишондодҳои техникӣ-иқтисодии агрегати кишоварзӣ бо трактори газӣ-турбинӣ ва бехатарии мошинҳои ҳаракаткунандадар асоси таҳлили ба талаботҳои бехатарӣ мутобиқ будани ҳолати техникии онҳо, ҳолати мудофиаи меҳнат дар хоҷагиҳои иҷоравӣ ва деҳқонӣ гузаронида шудаанд.
Дар айни замон устодони кафедра таҳти роҳбарии мудир дотсент Камолов Т. М. дар мавзӯҳои «Коркарди тарзҳои сарфаи сузишворӣ ва масолеҳи молиданӣ барои муҳаррикҳои тракторӣ ва баланд бардоштани самаранокии системаи сӯзишворидиҳанда», «Мукаммал-гардонии системаи равғанмолии тракторҳо», «Баланд бардоштани са-маранокии энергетикии истеҳсолоти маҳсулотҳои кишоварзӣ бо роҳи истифодаи оқилонаи воситаҳои механиконӣ», «Роҳҳои истифодабарии манбаҳои алтернативии энергия дар Тоҷикистон», «Баланд бар-доштани дараҷаи бехатарии мошинҳои ҳаракаткунанда дар КАС ҶТ бо такомул додани усулҳои муҳандисию-техникӣ ва воситаҳои пешгирии захмдоршавӣ» ва «Пешгӯии ҳолатхои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷи-кистон» корҳои тадқиқотӣ бурда истодаанд.
Кафедра бо олимон ва пойгоҳҳои илмии Донишгоҳи техникии Тоҷи-кистон ба номи М.Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Санкт - Петербурги Федератсияи Руссия, Пажуҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии механиконӣ ва барқикунонии шимолу шарқи Федератсия Русия, Донишгоҳҳои шаҳрҳои Кассел, Берлин ва Ройтлингени Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Қирғисистон алоқаи илмӣ дорад .
Кафедра бо истеҳсолот алоқаи зич дорад ва чунин соҳаҳоро дар бар мегирад: гузаронидани ёрии методӣ бо мутахассисони муҳофизати меҳнати хочагиҳои сохаи кишоварзӣ; расонидани ёрии амалӣ барои ҷорӣ намудани системаи идоракунии муҳофизати меҳнат дар хоҷагии таълимии донишгоҳ; нигоҳ доштани робитаҳои доимӣ бо Бозрасии назорати техникии Вазорати кишоварзӣ, нозироти техникии иттифоқҳои касабаи коркунони соҳаи агросаноатӣ, кафедрахои донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ; омӯхтани комёбиҳои нави илм ва истеҳсолоти пешқадам дар кори бехатарии фаъолияти меҳнат; ҷорӣ намудани дастгоҳҳо оид ба истифодабарии манбаҳои барқароршавандаи энергия дар хоҷагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Натиҷаи чунин ҳамкориҳо буд, ки соли 2018 дар хоҷагии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор филиали кафедра кушода шуд, ки ин ба боз баландтар бардоштани тайёркунии сифати муттахассисон кӯмак мерасонад.