Кафедраи забони англисӣ
ШОДИЕВ Ҷамъахон Турсунович,
мудири кафедраи забони англисӣ, омӯзгори калон
Кафедра соли 2002 аз ҳайати кафедраи "Забонҳои хориҷӣ" ҷудо гардида дар назди деканати кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ташкил ёфт. Аз рӯзи ташкилёбии кафедра то соли 2010- ум сарварии кафедраро омӯзгори калон Шамшеров К.Ч. ба ӯҳда дошт. Айни ҳол мудири кафедра Шодиев Ҷамъахон Турсунович мебошад.
Кафедра асосан машғулиятҳои амалии забони англисӣ ва немисиро, ки барои курси1(шӯъбаҳои рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ), магистрон, аспирантҳо ва унвонҷӯён муқаррар гардидааст, мегузаронад. Мақсади асосии омӯзиши забони хориҷӣ аз бар намудани муоширати амалии донишҷӯ бо забони хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Муоширати амалии забони хориҷӣ аз худ намудани малакаҳои нутқро дар бар гирифта, баъди анҷоми курси омӯзишӣ имкониятҳои зеринро ба миён меорад:
- хондани матн вобаста ба ихтисос барои дастрас намудани иттилооти лозима;
- ширкат дар баҳсу мунозираҳои шифоҳӣ бо забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномаи дарсӣ ва ғ. Новобаста аз барномаи таълимӣ васеътар намудани имкониятҳои зикргардида пас аз анҷоми курси омӯзишӣ имконият дорад.
Барои мӯайян намудани омилҳои такмили забономӯзӣ, пеш аз ҳама ҳолатҳои зарурати донистани забонҳои хориҷиро (ба хусус англисӣ) ба таври муфассал вобаста ба хусусиятҳои таълимӣ – тарбиявӣ мӯайян намудан ва ба толибилмон пешниҳод намудан зарурат дорад. Аксарияти донишҷӯён дар ҳолатҳои зерин зарурати донистани забони хориҷиро тасдиқ менамоянд:
- мутолиаи газетаву маҷалла ва адабиёти бадеӣ бо забони хориҷӣ;
- вохӯрӣ ва суҳбат бо меҳмонони хориҷӣ;
- ирсоли иттилоот ба воситаи почтаи электронӣ ва истифода аз шабакаи ҷаҳонии интернет;
- мукотиба бо дӯстони хориҷӣ;
Дар кафедра ба корҳои илмӣ аҳамияти калон дода мешавад. Омӯзгорони кафедра дар мавзӯи «Таҳлили муқоисавии ҳиссаҳои нутқ дар забонҳои англисӣ-тоҷикӣ» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд. Дар ҳамин асос омӯзгорони кафедра дар конфронсҳои донишгоҳӣ ва дигар донишгоҳҳо бо маърӯзаҳо баромад менамоянд ва мақолаҳояшон ба чоп мерасанд.
Дар кафедра барномаҳои нави таълимӣ ва силлабусҳои фанӣ тайёр карда шудааст, ки бозгӯи талаботҳои ҷомеаи имрӯза буда, мутобиқ ба раванди барномаҳои нави таълимии мактабҳои олии кишвар мебошанд. Ҳайати омӯзгорони кафедра дар ҳамаи факултаҳои донишгоҳ аз ду фанни таълимӣ ба донишҷӯён дарс мегузаранд. Таи солҳои охир аз ҷониби омӯзгорони кафедра 1 дастури таълимӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, якчанд муҳовара ва луғатҳо таҳия шуда ба чоп расидааст.
Кафедра бо як қатор ташкилотҳои хориҷӣ ба монанди ITEC, DAAD, ERASMUS MUNDUS, TEMPUS ва ғайра ҳамкории зич дошта омӯзгорони кафедра пайваста аз рӯи барномаҳои ин ташкилотҳо ба давлатҳои хориҷа рафта такмили ихтисос менамоянд.