Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Забони русӣ"

 

ХАЛИКОВА Муборак Нематҷоновна,
мудири кафедраи забони русӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсент

 

Кафедраи забони русӣ соли 1931 дар назди Институти боғдории Осиёи Миёна ташкил шуда, соли 1940 дар ҳайати кафедраи забонҳо фаъолият дошт. Соли 2001 кафедра аз ҳайати кафедраи забонҳо ҷудо гардида мустақил гашт. Сарварии онро  Ли К.Н., ва баъдан дотсент Изатов Қ. бар уҳда дошт.

Айни ҳол мудири кафедра Халикова М.Н. мебошад. Дар кафедра устодони собиқадор ва ботаҷриба кору фаъолият менамоянд, аз он ҷумла: Изатов К.И., Мамадҷонова Г.К., Абдулхаева М.Х., Мадалиева Ҷ., Нурова Ш.А., Саидов С.Б., Урунбаева Н.У., Убайдуллоева А.  ва омӯзгорони ҷавон Садыкова Г.А., Маҷидова З.Б.

Мақсади омӯзиши фанни забони русӣ аз бар намудани муоширати донишӯӣ бо забони русӣ мебошад. Кафедра машғулиятҳои амалии худро дар курсҳои 1 (рӯзона ва ғоибона), магистрон, аспирантон ва унвонҷӯён дар сатҳи баланд мегузаронад.

Аз баски забони русӣ дар ҷумҳурӣ мавқеи баланд дорад, дар назди кафедра «Маркази омӯзиши забони русӣ» амал менамояд, ки барои забондонии донишҷӯён заминаи хубе фароҳам меорад. Ин марказ барои таҳсил дар хориҷи кишвар ва лоиҳаҳои ширкатҳои хориҷӣ пойгоҳи асосӣ мебошад.

Дар солҳои охир, аз тарафи омӯзгорони кафедра якчанд китобҳои дарсӣ,  дастурҳои методӣ омода ва чоп гардидаанд ва зиёда аз 30 мақола. Кафедра бо марказҳои омӯзишии Федератсияи Россия ва марказҳои омӯзишии ҷумҳурӣ робитаи зич дорад. Дар қатори корҳои таълимию методӣ устодони кафедра ба фаъолияти илмӣ низ машғуланд.

Омӯзиши фанни забони русӣ дар ассоси технологияи нав сурат мегирад. Бо дастгирии ректори донишгоҳ, профессор Салимзода А.Ф., аз соли 2016 дар назди кафедраи забони русӣ кабинети замонавии лингафони фаъолият дорад.  Устодони кафедра дар чорабиниҳои донишгоҳ ва шаҳр фаъолона иштирок мекунанд.