Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Забони тоҷикӣ"

 

ДӮСТОВ Комилҷон Авлоқулович,
мудири кафедраи забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент

 

 Фанни забони тоҷикӣ дар тарғибу ташвиқи касбу ҳунар, равнақу инкишофи илму маърифат ва фарҳанги кишоварзӣ дар байни ҳамаи фанҳою ихтисосҳои дигар мавқеи муҳим дорад.

Бо қарори Шӯрои илмии ДАТ аз соли 1990 дар пойгоҳи кафедраи забонҳо кафедраи наву мустақили забон ва адабиёти тоҷик ташкил карда шуд. Яке аз вазифаҳои муҳими кафедра татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009) дар донишгоҳ мебошад.

Ба кафедраи мазкур аз рӯзи бунёд то соли 1996 профессор Абдуллоев А., солҳои 1996- 2000 дотсент Собирҷонов С., солҳои 2000-2005 Ш.Музаффарова, солҳои 2006-2018 дотсент Мирзода  З. Қ. сарварӣ кардаанд. Аз соли 2018 роҳбарии кафедраро дотсент Дӯстов К. А.ба уҳда дорад.

Мақсади асосии кафедра баланд бардоштани дараҷаи саводнокию маданияти гуфтори донишҷӯён, яъне бехато навиштану сухан гуфтан, фикри худро дуруст баён намудан, аз қонуну қоидаҳои имлои нави забон бохабар будан ва ба онҳо омӯ-зонидани тарзи баёни хубу нигориши ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ иборат мебошад.

Солҳои гуногун дар кафедра устодони варзида: профессорон А.Абдуллоев, Ф.Ҳусейнзода, дотсентон Қодиров Р. Қ., Исматуллоев М., Мирзоева Ш., Ш. Музаффарова., Ҳикматов Ҷ.,  омӯзгорони калон Т.Расулӣ, Х. Самадов, В.Элбоев, С.Исматов, Д.Тешаева, Иззатов Т., Тағоймуродов М., омӯзгорон Турсунова З., Нуралиев А., Ҳоҷиев С., Маҳмадова Г фаъолият кардаанд..

Ҳоло дар кафедра дотсентон Дӯстов К.А., Мирзода З.Қ, Зикаева С.З., омӯзгорони калон Сабурова Ш.А., Фархудинов С. А., Забирова М.Э, Мирзоева Н.Н., Ҷамолова Ҷ. З., омӯзгорон Гулова М.Н., Боязитов Ф.А., Тағоймуродов М., Шукурова Н. ва Файзова Т. кору фаъолият доранд.

Омӯзгорони кафедра барои беҳтар намудани сифати таълим ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён кӯшиш ба харҷ медиҳанд,ки ҳангоми таълим дар дарсҳои забони тоҷикӣ аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, усулҳои нави таълим ва азхудкунии дарсҳоро ҷустуҷӯ намоянд, то ки донишҷӯён аз дарсҳо бештар баҳра баранду дониши хубтарро соҳиб гарданд. Ин буд,ки дар тӯли солҳои охир дар кафедра  луғатҳои истилоҳотӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаҳои илмӣ аз чоп баромада дастраси донишҷӯёну ихлосмандони забону адабиёти тоҷик гардидаанд: “Луғати тафсирии русию тоҷикии истилоҳоти зироатчигӣ ва истилоҳоти хӯроки чорво” (2003), «Луғати тафсирии русӣ ба тоҷикии истилоҳоти бозорёбӣ» (2005); “Луғати тафсирии истилоҳоти зироаткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво” (2007), “Намунаи матнҳои иншо” (2007),  “Андар шинохти Рӯдакӣ” (2007), “Мавлавӣ Холмуҳаммади Хаста” (2007), «Луғати тафсирии истеҳсолоти зироатпарварӣ» (2007); Луғати тафсирии истилоҳоти иқтисодӣ» (2008); «Барномаи фанни забони тоҷикӣ» (2008); «Дастури таълимӣ барои машғулиятҳои амалӣ аз фанни забони тоҷикӣ» (2009); «Барнома-силлабуси фанни забони тоҷикӣ барои таълими низоми кредитӣ» (2009); «Силлабус (барномаи корӣ) аз фанни забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни соли якуми таҳсили факултаҳои ғайрифилологӣ» (2010); “Поэтикаи Пӯлод Толис” (2010), “Дастури методӣ барои машғулиятҳои амалӣ аз фанни забони тоҷикӣ” (2010), “Луғати тафсирии истилоҳоти соҳаи чорводорӣ (Русӣ-тоҷикӣ) (2011), “Забони тоҷикӣ” (машғулиятҳои амалӣ барои донишҷӯёни курсҳои якуми факултетҳои ғайрифилологӣ, 2012), “Рӯзгори одамони наҷиб” (2012), “Забони тоҷикӣ(Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои равияи биологӣ, 2012), “Панду ҳикмати Низомӣ” (2012), «Дастури методӣ барои иҷрои КМРУ ва саволномаҳои санҷиши тестӣ аз фанни забони тоҷикӣ дар низоми кредитиии таҳсилот» (2013); «Забони тоҷикӣ ва маданияти нутқ (суханварӣ) Дастури таълимӣ – тахассусӣ барои магистрон» (2014).  “Энсиклопедияи факултети зооинженерӣ” (2014), “Чорвои калони шохдор, технологияи истеҳсоли шир ва гӯшт” (2016). “Фарҳанги тафсирии истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ” (2018). “Дастур оид ба омӯзиши Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур” (2019).

ГАНҶИНАИ БЕГАЗАНД
(Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии устодони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик)