Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Зоотехнияи ҷузъӣ"

 

 САФАРОВ Туйчибой Сафарович, 

мудири кафедраи зоотехнияи ҷузъӣ 

 Кафедраи мазкур  соли 1947 ташкил ёфта, мудири нахустинаш профессор В.А. Ратсиборский (1947-1952) буд. Баъдтар дотсентон Ғ.А. Алиев (1950-1952), В.Е. Алтшулер (1952-1958), К.Г. Горшкова (1958-1960) В.М. Дудукалов (1960-1965), И.Г. Лебедев (1965-1976),     Г.Т. Ли (1976-1978), С.А. Ҳамроев (1978-1981), Н.О.Мамин (1982-1986), Ғ.А. Саидов (1986-2000), профессор Рӯзиев Т.Б.(2000-2018)  дар ин кафедра мудирӣ кардаанд.

Дар кафедра устодони номдор аз кабили академик Г.А. Алиев, академик, Комилзода Д.К., профессорон Рӯзиев Т.Б. Шарипов А., дотсентон  Ҳамроев С.А., Лючипи Л.В., Файзиев Г.Ф., Алагужин А.М., Ахмадов Т.А., Гладишев А.А. кор ва фаъолият намудаанд.

Ҳоло ба кафедраи мазкур омӯзгори калон  Сафаров Т.С.(2018 то инҷониб) сарварӣ карда, дар он профессорон  Рӯзиев Т.Б., Шамсиев А.Г. Қодиров Т.А. ва н.и.к. омӯзгори калон      Аюбов Б.М.  фаъолият доранд.

Устодони кафедра мувофиқи талаботи замон   доир ба мавзӯи «Баланд бардоштани маҳсулнокии чорво дар хоҷагиҳои шахсӣ» тадқиқотҳои илмӣ мебаранд. То имрӯз китоб аз фанни «Гӯсфандпарварӣ» (2006), муаллиф Ҳамроев С.А. « Технологияи парвариш, нигоҳдорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ (2013) муаллифон Рӯзиев Т.Б., Шамсиев А.Г. «Машғулиятҳои амалӣ аз фанни чорводорӣ» (2015) муаллифон Рӯзиев Т.Б., Мастов А.Ҷ., Сафаров Т.С., Аюбов Б.М.  «Чорвои калони шохдор»(2013), муаллифон  Рӯзиев Т.Б., Қодиров Т.А., «Чорвои калони шохдор, технологияи истеҳсоли шир ва гӯшт» (2016) муаллифон  Қодиров Т.А.,  Дӯстов К.А. , Технологияи истеҳсоли гӯшт (2018) муаллиф Рӯзиев Т.Б., Машғулитҳои амалӣ аз фанни гӯсфандпарварӣ (2019) муаллиф Сафаров Т.С., Технологияи истеҳсоли шир (2019) муаллиф Рӯзиев Т.Б.  дастрасӣ  хонандагон  гардиданд. 

Ба ин кафедра тахассуси зооинженер вобаста карда шудааст. Ихтисоси -зоотехния яке аз ихтисосҳои асосии факултети зооинженерӣ ба ҳисоб меравад. Ин ихтисос дар муддати фаъолияти 70-солаи худ зиёда аз 4375 нафар мутахассисони соҳибихтисосро тайёр карда, ба  истеҳсолот равона намудааст.

Дастовардҳои ин кафедра - офаридани зоти аспи тоҷикӣ мебошад. Зоти аспи тоҷикӣ дар натиҷаи дурага кунондани аспҳои мадании зотҳои асили савории англисӣ ва арабӣ бо зоти таҳҷойии лақайӣ соли 2002 дар комиссияи байнидавлатии апробатсионии вазорати кишоварзии ҷумҳурии тоҷикистон қабул карда шудааст. Муаллифони ин зот дотсент  Мамин Н.О. ва профессор  Шамсиев А.Г. шинохта шудаанд.

Омӯзгорони кафедра  аз фаннҳои технологияи истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, говпарварӣ, қутоспарварӣ,  гӯсфандпарварӣ, бузпарварӣ, асппарварӣ, харгӯшпарварӣ дарс медиҳанд.