Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Зотпарварӣ ва генетикаи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ"

 

ДАМИНОВА Каромат Холмаҳмадавна,
мудири кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, номзади илмҳои кишоварзӣ

 Кафедра соли 1955 баъди 8 соли якҷоя фаъолият доштан, аз кафедраи "Чорводорӣ" ҷудо шудааст. Дар солҳои гуногун профессорону дотсентон - Алтшулер В. И. (1955 - 1958), Ванновский Т.И. (1958 - 1960), Форсихонов С.И. (1961 - 1975), Солдатенков Н.И. (1975 - 1978), Ли Г.Т. (1978 - 1989), Умаров М.У. (1989 - 1993), Ҳайитов А.Ҳ. (1993 - 2003), Шамсиев А.Г. (2003 - 2005), (2007-2015), Қодиров Т.А. (2005 - 2007), Мастов А. Ҷ. (2015-2018) ба кафедра роҳбарӣ кардаанд. Аз соли 2018 то ҳоло кафедра таҳти роҳбарии номзади илмҳои кишоварзӣ, омӯзгори калон Даминова К.Х. фаъолият дорад.

Аз соли 1955 то соли 1977 кафедра бо номи кафедраи "Зотпарварӣ" муаррифӣ карда мешуд, аз соли 1977 инҷониб кафедра номи "Зотпарварӣ ва генетикаи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ"-ро гирифтааст.

Профессор Шамсиев А.Г. бо дастоварди селексионии худ, ки соли 2002 аз тарафи Комиссияи байнидавлатии апробатсионӣ зоти аспҳои тоҷикиро қабул ва тасдиқ кардааст ва ҳамчун муаллифи зот шинохта шудааст. Ин дастоварди бузурги селексионӣ самараи дастранҷи олимони факултет, донишгоҳ ва ҷумҳурӣ мебошад, ки дар 50 соли охир ба даст оварда шудааст.

Устодони кафедра Шамсиев А.Г. соли 2008 дар Пажӯҳишгоҳи умумирусиявии асппарварии Федератсияи Русия, Назаров Н.Э. соли 2009, дар Ҷумҳурии Қирзистон Қосимов Р.Б.  соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2012 Амиршоев Ф.С. дар Федератсияи Русия рисолаҳои доктории худро ҳимоя кардаанд.

Ҳайати олимони кафедра имрӯзҳо бо ду мавзӯи илмӣ – тадқиқотӣ "Мукаммалгардонии зоти аспҳои тоҷикӣ" (Шамсиев А.Г.) "Ба вуҷуд овардани типи минта- қавии гӯсфандони ҳисорӣ" Ҳайитов А.Ҳ., Раҷабов Н.), "Беҳтар кардани сифати пашми гӯсфандони зоти тоҷикӣ" (Қосимов Р.Б., Файзуллоев А.А.) машғул мебошанд. Оид ба ин мавз- ӯъҳои илмӣ аз тарафи олимони кафед- ра зиёда аз 276 асару мақолаҳо ба табъ расидаанд.

Барои гузаронидани дарсҳои таълимӣ кафедра бо машғулиятгоҳҳо ва толори лексионӣ таъмин мебошад. Ин утоқҳои корӣ бо асбобу анҷомҳои аёнӣ: плакатҳо, лавозимоти лабораторӣ, мулӯҳҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Рафти дарсҳои амалию – лабораторӣ бо методика ва дастурҳои нав сурат мегирад. Устодони кафедра оиди гузаронидини дарсҳои таълимию – назариявӣ як қатор маводҳои чопиро ба табъ расонидаанд. Аз тарафи профессор  Қосимов Р.Б. Китоби дарсии «Генетика» (2000), монографияи «Гӯсфандони гӯшту равғанин» (2000) профессорон Ҳайитов А.Ҳ. ва Раҳимов Ш.Т., монографияи  «Аспи зоти тоҷикӣ» ва «Дастури методӣ оид ба машғулиятҳои асппарварӣ», китоби дарсии «Технологияи парвариш нигаҳдорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти чорво» (2013), «Технологияи хӯронидани аспҳо» (2013), «Китоби давлатиии зоти аспҳои тоҷикӣ» (2014),  - профессор Шамсиев А.Г. ва Хайруллоева, монографияи «Хӯронидани чорвои калони шохдор ва гӯсфанд» (2010), китоби дарсии «Зотпарварӣ» (2011), Раҳимов Ш. Т., китоби дарсии «Гентика бо асосҳои биотехнология» (2013), Қосимов Р.Б. Амиршоев Ф.С., Файзуллоев А. А., Тураев С.О. ва Назаров А.А. китоби дарсии «Биотехнологияи чорвои хоҷагии қишлоқ ва проблемаҳои муосири он» 2008, дастури «Учебное пособие для проведения лабораторных занятий по курсу биотехнологии с-х ж-х» 2006, дастури «Руководство для проведения практических занятий по курсу биотехнологии» (2006) профессор Амиршоев Ф.С. ва Даминова К.Х., монографияи «Молочные и молочно-мясные породы крупного рогатого скота» (2014), Назаров Н.Э.  аз қабили инҳоянд.