ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

ҶОИЗАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУБОРАК!

22-юми феврали соли 2017 Иттиҳодияи Академияҳои Оксфорди Англия бо пешниҳоди Кумитаи номиналии байналмилалии ба номи Суқрот барои нишондиҳандаҳои шоён дар соли 2016 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро барои:

Муфассал

ҶОМӢ ВА НАВОӢ: ЧАРОҒИ ТОБОНИ ДӮСТӢ

Ҳар гоҳ сухан дар боби адабу фарҳанг ва муҳити адабиву фарҳангии нимаи дувуми асри ХV-и Ҳирот меравад, аз байни уламову удабо, меъморону ҳунармандони зиёд, парасторони шеъру шоирӣ ва ғайра пеши назарҳо дафъатан симои ду ситораи дурахшон, ду муҷассамаи бошукӯҳи хираду дониш, ду раҳнамои маъруфу машҳури адабиёту фарҳанги он давра, ду заҳматкашу ҷонфидои халқу миллат ва ду шахсияти абадзинда-Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ва Амир Алишери Навоӣ (1441-1501) ки дувумӣ ба тоҷикии форсӣ низ шеър мегуфтаву аз худ «Девони форсӣ» ҳам ба мерос гузоштааст, пеши назарҳо ҷилвагар мешаванд. Ба гуфти Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири муқтадири муосири тоҷик Мирзо Турсунзода (1911-1977) «Дар Ҳироти асри понздаҳ олимон ва файласуфон, адибон, наққошони шаҳир ва ғайраҳо зиндагӣ ба сар мебурданд, лекин дар байни онҳо ду симои бузург, шоири бузурги ӯзбек Алишери Навоӣ ва мутафаккиру адиби тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ шукӯҳи Шарқи куҳанро меафзуданд». Ва ба қавли адабиётшиносони ӯзбек Б. Валихӯҷаев ва Ш. Шукуров «Номи ин ду ҳайкали азими адабиёти Шарқ рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, ҳамкории наздики илмиву адабии онҳо» ба шумор меравад.

Муфассал