ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

Вохӯри бо намояндагони донишгоҳи Гента

Санаи 27.09.17.дар пойгоҳи ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур намояндагони донишгоҳи Гента (ш. Гент, Белгия) дар доираи лоиҳаҳои “Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзи” қабул карда шуд, ки дар самти азнавсозии барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон ва инчунин таъмин намудани таҷҳизоти  афзалиятноки лозима барои барномаи нави таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муфассал

Достони ҷавонмардӣ

Достони ҷавонмардӣ баъзе андешаҳо оид ба манзумаи ниҳонӣ «дар ситоиши Пешвои миллат»

 Ҳар кас, ки надорад ба ҷаҳон меҳри  ту дар дил,

Ҳаққо, ки бувад тоати  ӯ  зоеъу ботил.

(Ҳофиз)

Адабиёт воситаи муҳимтарини инъикоси воқеият мебошад. Тавассути ин абзори аҳамиятнок, ки инсоният дар давоми ҳаёти бошууронаи худ рӯйи кор овардааст, асрҳои аср онро сайқал додааст, мукаммал гардондааст, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ тадқиқ, таҳқиқоти таърихӣ амиқ баҳогузорӣ ва пешкаши ҷомеа мегарданд. Ҳамзамон, тафаккури адабӣ воситаи маънавие мебошад, ки ба ҳақиқат аз нуқтаи назари истилоҳ ва мафҳумҳои бадеӣ наздик мешавад. Замоне ки воситаҳои дигари тадқиқу тафсир дар арҷгузории воқеият, ҷараёни дарки ҳастӣ, инъикоси паҳлуҳои гуногуни реалият мушкилӣ  мекашанд, сухани бадеӣ онро ба уҳдаи худ мегирад. Маҳз ба ҳамин  хотир, хаёли бадеӣ «воситаи мукаммали дарки воқеият» (В. Шеллинг) номида шудааст. 

Муфассал

Илм ва инноватсия дар асри XXI

Дар  факултети  механиконии  кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  4.02.2017 конференсияи  байналмилалии илмӣ-амалӣ  дар мавзӯи «Илм ва инноватсия дар асри XXI: масъалаҳои  актуалӣ, дастовардҳо ва тамоюли рушд»  бо иштироки  намояндагони  муасисаҳои  олии  касбии  Федератсияи Россия, Қирғизистон, муассисаҳои  олии ҷумҳурӣ  ва олимон, донишҷӯён ва магистрон  баргузор гардид. Конференсияи байналмилалӣ   самтҳои  зеринро фарогир буд:

Муфассал

ИЗҲОРОТИ Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Мо, аъзоёни Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, баргузории ба ном “мизи гирд”-ро, ки 2 ноябри соли ҷорӣ дар  ҳошияи конференсия  Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) бо ташаббуси якчанд нафар фаъолони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва созмони ғайридавлатии “Евразиян Диалог” дар пойтахти Австрия - шаҳри Вена баргузор шуд, шадидан маҳкум карда, онро ҳамчун амали ифротӣ, муғризона ва ҳангомаҷӯёна арзёбӣ менамоем.

Муфассал

Круглый стол по вопросам Высшего образования Республики Таджикистан и Республики Кыргызстана

5 июля 2017 г. в г. Душанбе состоялся Круглый стол по презентации Анализа ситуации в сферах высшего образования производства и переработки пищевых продуктов, связанных с вопросами качества и безопасности в Таджикистане и Кыргызстане. 

Муфассал