ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

10-ГОНАИ БЕҲТАРИН МАКОТИБИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ҒОЛИБОНРО МУАЙЯН НАМУД

Имрӯз, 8 октябри соли ҷорӣ ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор шуда, натиҷаҳои озмуни “10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016”  эълон гардид.

Дар ибтидои ҷаласа вазири маориф ва илми Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дар назди ҳозирин баромад карда, гуфт, ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаномаи “Тоҷикистон” моҳи феврали соли 2016 дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016”- ро оғоз бахшид. “Озмуни мазкур дар арафаи ҷашни Истиқлолият ҷамъбаст гашт. Бо сабаби дар моҳи сентябр зиёд будани чорабиниҳои сиёсӣ тасмим гирифта шуд, ки натиҷаи ин озмун, имрӯз дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардад”-иброз дошт вазир дар назди ҳозирин.

http://pressa.tj/?p=9500