ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

Чорабиниҳои фарҳангие, ки бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ гузаронида шуданд

Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур барои сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистондар соли хониши 2016 – 2017 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Дар донишгоҳ таҳти роҳбарии устодони кафедраҳои таърих ва ҳуқуқ ва фалсафа ва сиёсатшиносӣ омӯзиши асарҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.

Дар чорабиниҳои тарбиявию фарҳангии ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ омӯзгорону донишҷӯён иштироки фаъолона намуданд.

Дар биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо расми Президенти кишвар таҳти унвони «Президенти мо – Пешвои мост» насб карда шуд.

Мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд дар варзишгоҳи донишгоҳ байни донишҷӯёни курси 1 – уми ҳамаи факултетҳо 11.11.2016 оғоз ёфтааст.

Дар таърихи 16.11.2016 бозии ниҳоӣ баргузор гардида ғолиби мусобиқа муайян мешавад.

Санаи 11.11.2016 дар факултетҳои баҳисобгирӣ ва молия ва иқтисодӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Президент дар бунёди давлати миллӣ» баргузор гардид, ки устодони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ ва донишҷӯён бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ баромад намудаанд.

Мизи мудаввар таҳти унвони «Забон - ҳастии миллат» дар толори факултети зооинжинерӣ баргузор гардид, ки дар кори он устодони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ ширкат варзиданд.

12.11.2016 мусоҳибаҳои телевизионӣ таҳти унвони «Парчам ҳамчун рамзи давлатдории Тоҷикистон», «Нақши Президент дар самти сиёсати берунии Тоҷикистон», «Бунёди иншоотҳои азим дар замони Истиқлолият» аз тарафи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба сабт гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок карданд.

14.11.2016 дар толори факултети агробизнес таҳти роҳбарии мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам» баргузор гардид, ки устодон ва донишҷӯён дар раванди он фаъолона баромадҳои илми пурмуҳтаво намуданд.

15.11.2016 ба ифтихори Рӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ шумораи махсуси рӯзномаи «Дониш» интишор гардид.