ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

23-ноябри соли 2016 ба ифтихори рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар  таърихи  23-ноябри  соли  2016  дар  толори   фарҳангии бинои асосии Донишгоҳи  аграрии  Тоҷикистон   ба  номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба ифтихори  рӯзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  иштироки  зиёда аз  700 нафар омӯзгору донишҷӯён   ҷамъомади  тантанавӣ  баргузор гардид. Ҷамъомадро  ректори  донишгоҳ, узви  вобастаи  Академияи  илмҳои  кишоварзии ҷумҳурӣ, профессор  Салимзода  А. Ф.  ҳусни  ифтитоҳ  бахшид.

Дар  ҷамъомад  мудири  кафедраи  таърих  ва  ҳуқуқ, профессор  Бобохонов  М. Б.  донишҷӯи  курси  3, факултети  гидромелиоративӣ  Акбаршоҳ Маҳмадалиев   оид  ба  таърихи  парчамдории  мардуми  тоҷик  ва  парчами  давлатии  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  суханронӣ намуданд.  Дар  поёни  ҷамъомад аҳли  нишаст  дар  васфи  рамзҳои  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  изҳори назар карданд.