ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

15 октябри соли 2016 оғози лоиҳаи нав

Аз 15 октябри соли 2016 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар доираи ҳамкориҳои барномаи Erasmus+ амалишавии лоиҳаи «Маълумоти олӣ дар Осиёи Миёна : системаи стандартҳои озӯқаворӣ» No 574005-EPP-1-2016-1-LV-EPPKA2-CBHE-JP шуруъ гардид. 

Дар амалишавии лоиҳаи мазкур 7 Донишгоҳои олӣ аз мамлакатҳои Иттиоди Аврупо ва Осиёи Миёна: Донишгоҳи аграрии Латвия; Донишгоҳи илмҳои тандурустии Литва; Донишгоҳи илмҳои ҳаётии Варшава; Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур; Донишкадаи политехникии Хуҷанди донишгохи техникии Тоҷикистон; Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон; Донишгоҳи иқтисодии Қирғизистон; инчунин 3 ассотсатсияҳои корхонаҳои ғайридавлатии хурд: Ассотсатсияи миллии корхонаҳои хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ассотсатсияи корхонаҳои меваю сабзавоти Қирғизистон ва Ҷамъияти Австрия (Hilfswerk Austria International (HWA)), ки ба коркарди меваю сабзавот сарукор доранд иштирок менамоянд.

Мақсади умумии лоиҳа таҷдидсозии маълумоти олӣ барои амалишавии истеҳсоли маҳсулотҳои ғизоӣ ва  ҷорӣ намудани стандартҳои бехатарии маҳсулот дар Тоҷикистон ва Қиризистон буда, бо ин роҳ мусоидат намудан дар баланд шудани иқтидори содироти корхонахои хурд ва миёна мебошад. Дар доираи амалишавии лоиҳа гузаронидани дарсҳо аз фанҳои таълимии Системаи стандартҳои ХАССП ва Системаи стандартҳои бехатарии маҳсулоти растанӣ аз ҷониби омузгорони донишгоҳҳои Аврупо, бозомузии омӯзгорон дар Донишгоҳҳои ИА шарики лоиҳа, харидории китобҳои тахасусӣ ба нақша гирифта шудааст.