ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

Ҳар ҷо ки ҳабибест ба паҳлӯяш рақибест (вокуниш)

Рӯзи сиюми ноябри соли ҷорӣ рӯзномаи «Озодагон» - ро ба даст гирифтаму  чашмам ба мақолае бо номи «Дастурамали донишҷӯйи тоҷик» бархӯрду табьам хира гашт. Вале ба худ андешидаму шукри ақли расои ҷавононамон кардам, ки зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳанду ба ҳама чиз аз нигоҳи воқеъбинона баҳо медиҳанд. Имрӯз онҳо тавассути расонаҳои гуногуни иттилоотии замонавӣ хабарҳои мухталифи майнагиҷкунандаро мехонананд ва шукр, ғарқи гирдоби дурӯғини онҳо намешаванд. Аммо чизи дигар касро ба ташвиш меорад, ки чаро баъзе афроди дар Тоҷикистони офтобрӯя дар сояи Истиқлоли давлатӣ, дар шароити сулҳу сафо ва оромона зиндагӣ дошта, ношукрӣ карда мехоҳанд дар васити ахбори умум ҳангомаҷӯӣ намуда, бо коштани тухми адоват миёни ҷомеа кинаву нобовариро барангезанд. Навиштаҳои хабарнигори «Озодагон» Абдуқодири Рустам идомаи мантиқии ҳмин шӯрангезиҳо байни ҷавонон мебошад, ки мақсад дар замири донишҷӯёни мо тухми кина коштану ҳар рӯз онро ба воситаи таблиғоти худ об додан аст, то сабзида хушк шаваду баъдан оташ гираду гулистонро ба биёбон табдил диҳанд.

Шукри ақли расои донишҷӯёнамон менамоям, ки ба доми фиреби Абдуқодир Рустам барин ашхос намеафтанд. Онҳо гузаштаи начандон дурро фаромӯш насохтаанд, бо сабаби оташи ин гуна кинаҷӯйиҳо хуни ноҳақи бисёр рехт ва дигар такроршавии онро ҳеҷ як фарзанди асили тоҷикистонӣ намехоҳад.

Ҳамди беҳад, ки дарсҳои мо омӯзгорон ба рӯҳу равони донишҷӯёнамон таъсир гузоштааст, ки онҳо ба таблиғи суриягиёни тоҷик нимнигоҳе ҳам намеандозанд. Имрӯзҳо гашту гузори озодонаи ҷавонону духтарони ханданро дида дилам, аз фараҳ лабрез мешавад, ки онҳо ба зебоии шаҳрамон зебоӣ зам  мекунанд. Чашм аввалан ба симои зоҳирӣ таваҷҷуҳ намуда, баъдан кунҷкови ботинии инсон мешавад. Илми равоншиносӣ имрӯз инро исбот кардааст, ки симон зоҳирӣ, тарзи либоспӯшӣ, роҳгардӣ ва ҳатто нигоҳи одам инъикоскунандаи ботини ӯст. Рост рав, рост нишин, то рост шавӣ. Мо низ аввалаи симои зоҳирии донишҷӯёнро ба тартиб даровардем, то симои ботиниашон ба тартиб дарояд.

Агар либоси тавсиявӣ барои донишҷӯён ҷорӣ намегардид баъзе донишҷӯёне ҳастанд, ки дар шаш рӯзи дарс шаш хел либос мепӯшанд.Ин водор месохт, ки дигарон «мӯд» - ҳои онҳоро тамошо кунанд, ё дарс гӯш кунанд ва ё маҷбур бошанд, ё ин ки то бо онҳо ҳамсуҳбат шуда либоси касеро барои намоиш як – дурӯза ба орият гиранд, то ки аз «мӯд» - тоза қафо намонанд? Ва ё дарсро монда аз паси пулкоркунӣ шаванд, то ҳамранги либоси ҳамсабақ либосу мисли мошини ӯ мошин дошта бошад?  

Ҳар кор як мақсади худро дорад. Мақсад аз манъ кардан бо мошин омадани донишҷӯён ин фикри донишҷӯёнро ба дарс ҷалб кардан аст, на ба пул.  Ҳайрони онам, ки чаро баъзеҳо қалби пок надоранду ба рӯйдодҳои олам воқеъбинона баҳо намедиҳанд. Шуурам ба дарки умки маънӣ намерасад. Кош сиёҳқалбон як маротиба бузургии Парчами миллиро, ки яке аз муқаддасоти миллат аст дарк мекарданд, ба мисли Дилшод Назарови қаҳрамон. Ӯро  эҳсосоти наҷибу ифтихори бузурге фаро гирифт, вақте ки ба шарафи пирӯзиаш парчами меҳанаш парафшон гашт, ашки шодӣ аз чашмонаш равон гашт, чунки барои ғалабааш Парчами кишвари азизаш дар майдони варзишии Бразилия парафшон шуд. Сиёҳдилро ба ин ҳама чӣ кор, вақте ки худ ба муқаддасоти Ватан меҳр надорад. Агар ин хонашерони майдонғариб қалб медоштанд қалби бахшандаи Рустами таҳамтанеро, ки бо пой тирхӯрда аз шаҳри мардум ононро  ба хонаи худ назди модарони танҳояшон баргардонд, дарк мекарданду ба қавли додаашон амал мекарданд. Манимрӯз ҳамчун модари донишҷӯ «марг бар оне, мегӯем, ки аз хони мо нон хӯрда, ба намакдони мо туф мекунад». Туф ба рӯйи оне, ки бар рӯйи модари худ туф мекунад: «Лаънат бар он ки ҷавонони маъсуми моро ба сӯи марг мекашонад». Оне, ки аз илми равоншиносӣ огоҳ нест, магар метавонад дарк кунад он ифтихор, ки аз ботин ҷӯш намезанад, дар зоҳир бо доду фарёдзанӣ намудор намешавад.

Донишгоҳ робот – ихтисосманд тайёр намекунад, донишгоҳ зиёие тайёр мекунад, ки ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад, то ҷомеа бовар карда, тарбияи насли наврасро ба дасти ӯ супорад. Агар донишҷӯ имрӯз парчами миллиро бо ифтихор баланд набардорад, дар роҳпаймоиҳо иштирок накунад, фардо аз кадом таърих нақл кунаду кадом эҳсоси ифтихорро ба насли наврас бидиҳад.

Ман ҳамчун омӯзгор аз ҷавононе ки донишвар ҳастанд, илтиҷо менамоям, ки бозичаи дасти суриягиёни тоҷик нашаванд,  шукронаи истиқлол намоянд, таърихи дирӯзаро фаромӯш накунанд, заҳмати падарони худро пешпо назада, ашки модарону номуси хоҳаронро эҳтиёт кунанд. Баҳри гулгулшукуфоии диёри азизамон Тоҷикистони ва шаҳри зебоямон Душанбе камари ҳиммат баста, баҳри ривҷу равнақ ёфтани зиндагӣ ва пойдории амну амонӣ талош варзанд ва дар кору пайкори хеш лайрави Пешвои миллт бошанд. Аз сахтӣ наҳаросанду ба иғвоҳои ғаразнок ҷавоби дандоншикан диҳанд

Холова А., дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур