ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

Масъалаҳои актуалӣ ва самтҳои асосии такмилдиҳии технология ва воситаҳои механиконӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ

Санаи 03.02.2017 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мизи мудаввар бо иштироки намояндагони муасисаҳои олии касбии Федератсияи Россия, Қирғизистон ва олимони донишгоҳ дар мавзуи «Масъалаҳои актуалӣ ва самтҳои асосии такмилдиҳии технология ва воситаҳои механиконӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ» бо иштироки олимон, унвонҷӯён, аспирантон, донишҷӯёни боистсъдоди факултети механиконии кишоварзӣ гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввар масъалаҳои илмию таълимӣ роҷеъ ба самти механиконии кишоварзӣ, аз ҷумла коркарда баромадани технологияҳои энергиясарфакунанда, тарҳрезии мошинолотҳои кишоварзӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, ҷиҳати таҳияи корҳои илмӣ, тайёр намудаии кадрҳои илмӣ, тайёр намудани мутахассисон, ташкили скайпконференсияҳо ва скайплексияҳо, баланд бардоштани такмили ихтисос, мубодилаи таҷриба, гузаронпдани таҷрибаомузии донишҷуён баррасӣ карда шуд.