ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

Мо – ҷавонон пайрави Пешвои миллатем

Санаи 10.02.2017 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аксияи донишгоҳӣ, таҳти унвони «Мо – ҷавонон пайрави Пешвои миллатем», бахшида ба соли ҷавонон,  бо иштироки зиёда аз 700 – нафар донишҷӯ баргузор гардид.

Ин иқдоми пешгирифта барои тамоми ҷавонони тоҷик, ҳамчун сабақи омӯзишӣ, дар самти тарафдории сиёсати пешгирифтаи ҷавонони кишвар ва ҳамзамон таҳкими сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба беҳдошти маърифату маънавиёт, ҳифзи марзу бум ва ҳимояи Тоҷикистони азиз бояд мунтазам идома ёбад.