ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

Илм ва инноватсия дар асри XXI

Дар  факултети  механиконии  кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  4.02.2017 конференсияи  байналмилалии илмӣ-амалӣ  дар мавзӯи «Илм ва инноватсия дар асри XXI: масъалаҳои  актуалӣ, дастовардҳо ва тамоюли рушд»  бо иштироки  намояндагони  муасисаҳои  олии  касбии  Федератсияи Россия, Қирғизистон, муассисаҳои  олии ҷумҳурӣ  ва олимон, донишҷӯён ва магистрон  баргузор гардид. Конференсияи байналмилалӣ   самтҳои  зеринро фарогир буд:

  • Ваоситаҳои механиконии истеҳсолӣ дар кишоварзӣ;
  • Энергетика ва барқикунонӣ;
  • Хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаҳои кишоварзӣ;
  • Мошинсозӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
  • Растанипарварӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;
  • Истифодаи замин, об ва бойгариҳои табиат;
  • Масъалаҳои иқтисодӣ, инкишофи инноватсионӣ;
  • Таъмини техникаҳои мелиоративӣ ва корҳои сохтмонӣ;
  • Экология;
  • Илмӣ амалӣ

Дар ҳошияи ҳамкориҳои судманд дар рӯзҳои 2-6 феврал намоишгоҳи техникаҳои кишоварзии истеҳсоли  ватанӣ ва хориҷӣ  бо ҷалби КВДҶ Тоҷикагролизинг, КВД Мадад, Агротехсервис, Маркази механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои нави АИКТ ташкил карда шуд.