ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

Об омили асосии расидан ба истиқлолияти озуқаворӣ

18 феврали соли 2017 дар толори Шӯрои илмии донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Об омили асосии расидан ба истиқлолияти озуқаворӣ» баргузор шуд, ки ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» бахшида шуд.

Конференсияро ректори донишгоҳ профессор Салимзода Амонулло Файзулло  ҳусни ифтитоҳ бахшида, қаблан ҳозиринро хайрамақдам намуда, сипас роҷеъ ба пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани даҳсолаи нави байналмиллалии “Об барои рушди устувор,  2018 – 2028” мухтасар сухан ронда, аз ҷумла қайд кард, ки дастрасии оби тоза дар ҷаҳон, бинобар сабаби тағйирёбии иқлим, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва афзоиши аҳолӣ дар сайёра сол то сол душвортар гашта истодааст. Агар камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти ба вуҷудомада хатарбор мегардад. Баҳри дарёфти  роҳу усули рафъи мушкилоти вобаста ба обро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ менамояд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун кишвари пешоҳанг ва ташаббускори калидии мавзӯи об дониста шудаасту бо дарназардошти муҳим будани об дар курраи замин ва беҳдошти дастрасии аҳолӣ ба ин неъмати бебаҳои табиат пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани даҳсолаи нави байналмиллалии “Об барои рушди устувор,  2018 – 2028” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфт. 21- декабри соли 2016 Маҷмааи умумии СММ қатъномаро қабул намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаматарафа дастгирӣ ёфт.

Аз рӯи баъзе маълумот ҳанӯз тақрибан 750 млн одам дар ҷаҳон бо оби тозаи нӯшокӣ ва 2,5 милиард нафар ба шароити кофии беҳдошт таъмин нестанд. Тағйири глобалии иқлим ва вазъи демографии аҳолии ҷаҳон ба ин равандҳо бе шубҳа таъсири зиёд мерасонанд. Аз ин рӯ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳад, ки камбудии оби тоза барои ҳаёт ва тамаддуни башарият оқибатҳои нохуш меорад ва дар ин хусус беаҳамиятӣ нашояд. Ин мавзуъ моро водор месозад, ки баҳри ҳалли он тадбирҳои судманд андешем. Бинобар пас аз як рӯзи қабул шудани қатънома дар донишгоҳ ҳамоиш доир гардид ва нақшаи фаъолият дар ин ҷабҳа таҳия шуд, ки аллакай олимони донишгоҳ тибқи он дар чандин намоишҳои телевизионӣ иштирок намуда, дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мақолаҳо интишор сохтанд. Аз ҷумла мудири кафедраи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, дотсент Пулатов Ш. Я., дотсенти кафедра Умарова Л. Д., мудири кафедраи механикаи сохтмон ва иншоотҳои гидротехникӣ, дотсент Икромов И. И. ва донишҷӯи курси 5-уми факултети гидромелиоративӣ Аҳмадзод Н. А. дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, “Ҷаҳоннамо”, “Синамо” ва “Сафина”Минбаъд дар ин масъала кор боз ҳам ҷоннок карда мешавад. 

Мудири кафедраи истифодабарии системаҳои гидромелиоративӣ, профессор Раҳматиллоев Р., мудири озмоишгоҳ ва сарходими илмии  Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ профессор Саидов И.И., дотсент Абдусаматов М.А., мудири кафедраи геодезия ва геоинформатика, дотсент Акрамов А., дотсенти кафедраи экология Рамазонов С. ва декани факултети иқтисодӣ дотсент Бобоев Ш. Доир ба ин масъала ибрози назар карданд.

Дар конференсия намояндагон аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ”, институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази идоракунии лоиҳаи идоракунии захираҳои оби водии Фарғона, Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кумитаву ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Олимон ва мутахассисони дар конференсия иштирок намуда ба хулосае омаданд, ки дар ҳақиқат ҳам об омили асосии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир ба самаранок ва сарфакорона истифодабарӣ ва оқилона идоракунии захираҳои обӣ таваҷҷуҳи бештар намудан лозим аст, чунки масъалаи об барои имрӯзу фардо масъалаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ҷониби иштирокдорони конференсия якдилона резолютсия қабул карда шуд.