ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Санаи 17.02.2017 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ, таҳти унвони «Маҳви хушунат», бо иштироки намояндагони раёсат ва инчунин кормандони муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ва маркази репродуктивии шаҳри Душанбе, ҳамзамон раисони Шӯрои занони факултетҳои донишгоҳ ва 70 – нафар донишҷӯён баргузор гардид. Баъд аз анҷоми суханронии созмондиҳандагони чорабинии мазкур, баҳси судманд байни меҳмонон ва донишҷӯён доир гардид.

Тавре маълум аст, оила ҳамчун асоси ҷомеа таҳти ҳимояи давлат аст ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд конвенсияҳои байналхалқӣ, чун «Конвенсия доир ба аз байн бурдани шаклҳои поймол намудани ҳуқуқи зан», «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак» ва амсоли инро тасдиқ намуд.

Бинобар ин, дар интиҳои семинар тасмим гирифта шуд, ки чунин чорабиниҳои судманд мунтазам роҳандозӣ хоҳанд гардид.