ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

ҶОИЗАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУБОРАК!

22-юми феврали соли 2017 Иттиҳодияи Академияҳои Оксфорди Англия бо пешниҳоди Кумитаи номиналии байналмилалии ба номи Суқрот барои нишондиҳандаҳои шоён дар соли 2016 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро барои:

  • дастрасии таълим (арзиш, шароити дохилшавӣ);
  • сифати хизматрасонии таълимӣ;
  • касбияти ҳайати омӯзгорон;
  • сатҳи аккредитатсия донишгоҳ;
  • таъминот бо пойгоҳи техникӣ;
  • иштироки фаъол дар барномаҳои таълимии байналмилалӣ ва мубодилаи устодону донишҷӯён бо муассисаҳои таълимию илмии байналмилалӣ;
  • истифодаи тарзу усули навини таълиму барномаҳо;
  • шароит ва дурнамои мусоид барои густариши робитаҳои байналмилалӣ, ки пурра ба номгӯи «Best regional University» мутобиқ аст бо мукофоти байналмилалии  «BEST UNIVERSITY»-«ДОНИШГОҲИ БЕҲТАРИН» қадрдонӣ намуд.

Барои сазовор шудан ба ин ҷоизаҳои байналмилалӣ ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло ва кулли ҳайати омӯзгорон, аспирантон, унвонҷӯён, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳро самимона муборакбод менамоем.