ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

СОЗИШНОМАИ НАВИ ҲАМКОРӢ

Рӯзҳои 19-25 ноябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи кории лоиҳаи «Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ»-и Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ҷиҳати шиносоӣ ва бастани шартнома бо Донишгоҳи Гентаи Шоҳигарии Белгия оид ба ҳамкорӣ дар самти таълим ва тадқиқотҳои илмӣ гурӯҳи корӣ сафари хидматӣ анҷом дод.

Дар натиҷаи табодули тарафайн ҷиҳати дар оянда ба нақшаҳои таълимии ихтисосҳои роиҷи донишгоҳ (маркетинг дар КАС ва тибби ветеринарӣ) даровардани тағйироти ҷузъӣ мувофиқа гардид.

Санаи 23 ноябри соли 2017 ректори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур профессор, узви вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло дар ҳузури Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Раҳматуллозода Эркинхон бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳи Гента, Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ», намояндаҳои коллеҷҳои кишоварзии Бохтару Мастчоҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тибқи барномаи таҳиянамудаи Донишгоҳи Гента дар шаҳри Гентаи Шоҳигарии Белгия бо фаъолияти кампусҳои таълимӣ, клиникаҳои таълимию истеҳсолӣ ва корхонаҳои шарики донишгоҳ, хоҷагии таълимию таҷрибавӣ ва клиникаи ветеринарӣ шиносоӣ гардид.