ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

Мизи мудаввар дар мавзуи «Аҳамияти ҷорӣ намудани стандартҳои НАССР дар истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ»

7 декабри соли 2017 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур мизи мудаввар дар мавзуи «Аҳамияти ҷорӣ намудани  стандартҳои НАССР  дар истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ» дар доираи амалишавии лоиҳаи «Маълумоти олӣ дар Осиёи миёна: система ва стандартҳои истеҳсоли  маҳсулоти ғизоӣ»

Дар ҷаласаи мизи мудаввар Салимзода А.Ф. - ректори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, Улҷабоева М.Т. - роҳбари Ассотсиатсияи савдои хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ҳакимов Ғ. – муовини ректор оид ба илми ДТТ; Зарина Нуриддинова - ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Эрасмус+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Фарход Умаров – иштирокчии лоиҳаҳои «Климадапт»; Шухрат Назаров – омузгори ДТТ, омузгорони дар амалишавии лоиҳа иштироккунанда аз ДАТ; намояндагони хоҷагиҳои фермерӣ; донишҷуёни факултети агробизнес; намояндагони корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Душанбе (Комбинати шири Душанбе, фабрикаи Ширин,  заводи консервабарории “Илми-истеҳсолӣ” ва диг.). То саршавии мизи мудаввар дар саҳни факултети агробизнес намоиш ва фурӯши маҳсулотҳои корхонаҳои ватанӣ ба роҳ монда шуд.

Ҷаласаро ҳамоҳангсози лоиҳа Мирзоев М.М. кушода эълон намуд. Баъдан дар нади ҳозирин Салимзода А.Ф., Улҷабоева М.Т. ва дигарон бармад намуданд. Дар рафти мизи мудаввар презентатсияҳои  Назаров Ш. дар мавзӯи “Муқаддимаи НАССР ва роҳҳои ифлосшавии маҳсулоти озуқаворӣ ва хатарҳои истеҳсолӣ” ва Нематуллоев З.С. оид ба ҳолати амалишавии лоиҳаи «Маълумоти олӣ дар Осиёи миёна: система ва стандартҳои истеҳсоли  маҳсулоти ғизоӣ» дар ДАТ маълумот доданд.

Ҳамаи баромадкунангдагон дар баромадашон қайд намуданд, ки рушди соҳаи агросаноатии мамлакат, аз ҷумла соҳаи истеҳсоли маҳсулоти  ғизоӣ ба омода намудани мутахасисони баландсавия вобастагӣ дорад. Бо мақсади аз бар намудани малумоти зарурӣ оид ба стандартҳои бехатарии маҳсулоти ғизоӣ (Global GAP ва  HAACP дар ихтисосҳое, ки бевосита ба истеҳсоли меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти консервагии меваю сабзавотӣ алоқаманданд, ҷорӣ гардидани фанҳои таълимии ба он алоқаманд, ба нақша гирифта шудааст.  Дар амал ҷорӣ шудани стандартҳои мазкур бе  восита барои мавқеъ пайдо кардани Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани қобилияти содиротии мамлакат кӯмак мерасонад.  

Фаъолият ва амалишавии лоиҳаи мазкур барои ДАТ ва умуман барои ҳамаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда шуд. Аз ин рӯ, ҳамаи иштирокчиёни мизи мудаввар барои қавӣ гардонидани ҳамкориҳои Донишгоҳҳо бо истеҳсолот, ҳомкориҳо бо Донишгоҳҳои хориҷӣ, омода намудани мутахасисони ҷавобгӯи бозори меҳнат  фикру мулоҳизаи худро баён карданд. Қайд карда шуд, ки борои амалишавии мақсадҳои дар пеш гузошта мо дар сарҷамъӣ саҳмгӯзрӣ менамоем.