ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷумла омадааст: «Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии  ваҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад». Ин иқдоми наҷиби Пешвои муаззами дар муаррифии мавзеъҳои дидании кишвари биҳиштосо ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба оламиён заминаи мусоид фароҳам меорад.

24 январи соли равон дар толони барҳавои факултети агробизнес намоиши таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гашт. Донишҷӯдухтарони дар тан либосҳои атласу адрас ва чакан тарзи омодасозии онҳоро ба иштирокчиёни ҷамъомад шарҳ доданд.

Сипас, дар толори фарҳангӣ нишасти ҷолиб баргузор шуд. Салимзода Амонулло Файзулло-ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи АИКТ оид ба роҳнамо будани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муфассал сухан ронд.

Сайдализода Шоира-сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Азимова Маҳбуба-сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюбӣ Мухбира-мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ибрози назар намуда қайд карданд, ки Тоҷикистони азизи мо ҷойҳои ҷолибу диққати зиёди диданӣ дорад ва баҳри дар сатҳи ҷаҳонӣ шиносонидани   ин мавзеъҳои ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ нақши муҳим мебозад. Боду ҳаво ва шароити мусоди табиии Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, он ба макони сайёҳии байналмилалӣ табдил ёбаду туристони хориҷӣ ҳангоми ташрифашон ба ин сарзамини биҳиштосо бо намунаҳои ҳунарҳои миллии мо ошно гашта, онро ҳамчун намуна ба кишварҳои хеш баранд ва бадин васила фарҳангу ҳунари тоҷикиро дар олам паҳн созанд, ки ин сарчашмаи воридоти асъори хориҷӣ мегардад ва ба рушду нумӯи минбаъдаи фарҳангу ҳунари миллӣ ва сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Дар ҷамъомад Гулямова Таҳмина ва Сафарбекзода Рухшона-мутахассисони раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Бобохонова З.Қ.-муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Қурбонова М.Т.-раиси Шӯрои занони донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Ҷамъомад хеле ҷолибу хотирмон гузашт.