ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

Наврӯз мужда аз баҳор ва файзу баракати рӯзгор аст

17 марти соли ҷорӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур қабои идона ба бар карда буд, шиору навиштаҳо, садои созу наво, даста-даста бо либосҳои идона ба базмгоҳ воридшавии ҷавонону гулдухтарон, ба атрофу акноф паҳншавии бӯйи муаттари ниҳолони пургули навшукуфта аз таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ мужда медод. Идкунандагон баҳри дар сатҳи баланд гузаштани ҷашни байналмилалии Наврӯз тайёрӣ медиданд.

Ҳар як факултет намоишгоҳи дастовардҳои илмию таълимй ва дастархони идонаи хешро омода мекарданд. Ақрабаки соат ба 10-дакка хӯрду садои карнаю сурнай дар фазои донишгоҳ танинандоз гардид. Меҳмонони олиқадри ҷашнвора Қосим Роҳбар - Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нозанинзода Нусратулло Бодом - муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асозода Нуралӣ Маҳмадулло - Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,  Ғаффорзода Баҳром- муовини раиси Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Зоир Файзулло - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Баротов Мусо - собиқ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон қадам ранҷа фармуданду аҳли донишгоҳ онҳоро бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифтанд.

Ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло ҳозиринро ба базмгоҳ хайрамақдам намуд. Маъракаи идона дар гӯшаҳои алоҳида бо риояи суннатҳои Наврӯзи хуҷастапай оғоз ёфт. Дар як гӯша мусобиқаи паҳлавонон оид ба гӯштингирӣ шуруъ шуд. Ҷавонони ҳузарбу чолоку далер бо ҳунари хеш табъи бинандагонро болида гардониданд. Паҳлавонон бо истифода аз чили искандарӣ, пасҳалук, хурҷинак, саришона ва дигар тарзу усули гуштини миллӣ якдигарро ба пушт мехобониданд ва садои офарин, баракалло, ба пушт хобон, қандата зан баланд мешуд. Пас аз тамошои намоишҳои идонаи факултетҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ меҳмонон ва ҳозирин вориди базмгоҳ шуданд.

Сарвари донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло ҷашни Наврӯзи ҷаҳониро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд кард, моҳи феврали соли 2010 дар 64-умин ҷаласаи Маҷмааи генералии Созмони Миллали Муттаҳид Наврӯзи бостонӣ ба феҳрасти мероси таърихӣ-фарҳангии халқҳои олам ворид ва ҳамзамон ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Акнун ин ҷашни бошукӯҳ на танҳо дар олами форс ва Ховар, балки дар дигар кишварҳои фарҳангдӯсту таърихпосдори кураи замин ҳамчун иди ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад ва ин барои мо ифтихори бузург аст, зеро Тоҷикистон ватани Наврӯз аст. Бо қадами мубораки Наврӯз гӯшаю даштҳои нообод ба боғу гулзорҳо табдил меёбанд, табиат дигарбора эҳё гардида ба дилҳо сурур ва ба чашмон нур мебахшад.

Як суннати хеле густаришёфта миёни мардуми фарҳангсолори мо дар ин фасли сол маъракаи ниҳолу гулшинонист, имсол ҳам дар Тоҷикистони офтобӣ бо риояи ин анъанаи нек истиқбол гирифта шуд.

Наврӯз қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон аст, зеро он айёми эҳёи табиат, фарорасии кишту кори Бобои Деҳ қон аст. Мардум дастархонро ороста, болои он "Ҳафтсин" ва "Ҳафтшин" мегузоранд. Сабзаи ҷав ва ё гандум, ки зинатбахши суфраи "Ҳафтсин" ва масолеҳи асосии суманак аст, дар асл рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт мебошад.

Аз Наврӯзи гузашта то ба имрӯз донишгоҳ як зумра комёбиҳоро ноил гашт. Аз аттестатсия ва акредитатсияи давлатӣ гузашта, мақоми донишгоҳро барои панҷ соли дигар ҳифз намуд. Таҳсил дар донишгоҳ аз рӯи 46 ихтисоси амалкунанда тибқи талаботи ҳадди аққали мазмуну мундариҷаи стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ бо низоми кредитӣ ва анъанавӣ идома дорад. Ташкили маркази ягонаи қабули имтиҳонҳо ба таври тестӣ имконият дод, ки мустақилияти донишҷӯ дар аз бар намудани барномаи таълимӣ бештар гардад, қобилияти эҷодкорӣ ва андешарониаш афзояд. Қисми бештари хатмкардагони донишгоҳ худ ҷойи кор - харидор пайдо мекунанд, ки боиси сарафрозист ва он аз эътирофи сатҳи ихтисосмандии дастпарварони донишгоҳ далолат медиҳад.

Баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии кормандону устодон ва донишҷӯён, ҳавасмандии мутахассисони ҷавон, аспирантону магистрон, донишҷӯёни фаъ ол ва дастгирии камбизоату бепарасторон ҳамеша дар мадди назари раёсат қарор дорад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии мутахассисони ҷавон ва хоҳишмандон дар донишгоҳ курсҳои омӯзиши забонҳо ва технологияи иттилоотӣ ба таври ройгон ташкил карда шудааст.

Наврӯз - эҳёгари табиату ҷашни оғози рӯзу рӯзгори нав моро ба тозакориҳо, сабз гаштани армонҳои созанда баҳри ободии кишвари баҳороғӯшамон ҳидоятгар аст.

Ҳамаи шумо, меҳмонони азиз, устодон, кормандон, донишҷӯён ва кулли кишоварзони тоҷик ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони кишвари офтобиамонро бо фарорасии ҷашни фарруху фархунда-Наврӯзи Хуҷастапай ва баҳори оламафрӯзу оғози корҳои деҳқонӣ самимона табрик менамоям, бигзор аз фурӯғи Наврӯзи оламафрӯз қалбҳою кошонаҳои ҳар яки шумо пурнуру саршор аз шодию сурур гардад ва аз номи шоир гуфтаниам:

Эй Худованди замину осмон,

То ба Наврӯзи дигар моро расон!

Ҳозирини гиромӣ хайрамақдам ба ин даргоҳи илму таълиму ҳунар, ҷашни наврӯзии донишгоҳро тамошо карда, хурсандӣ намоеду лаззати маънавӣ бардоред!

Шоир Нарзулло Орифӣ   пораи шеърро дар ситоиши Наврӯзи фарвардин қироат намуд.

Гулдухтарони чаканпӯшу атласбабар ва ҷавонони пироҳани идонадошта бо суруду таронаҳои марғуб ва рақсҳои дилошӯб қалбҳоро ба ҷӯшу дилҳоро ба хурӯш меоварданд. Ровиёни хушбаёну булбулбаён  бо замзамаи мисраъҳои назмию насрӣ ҳар баромадро бо розҳои аз ҷониби адибон васфшуда мепайвастанд. Барномаи театрикунонидашуда дар иҷрои иштирокчиёни ансамбли халқии "Гулдаста" хеле ҷаззобу дилрабо буд.

Хандаву сурур ва рақсу бозии тифлакони ба базмгоҳ омадаро ҳадду канор набуд, ҳамроҳи онҳо омӯзгорону донишҷӯён хурсандӣ мекарданд ва аз неъматҳои истиқлолияти ба даст омада шукргузорӣ менамуданд. Таманно мекунем, ки фазои сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон ҷовидонӣ бошаду ҳар рӯзи мардуми он бо шодию фараҳ гузарад.

Ҷашни Наврӯз фаро расидани баҳор, эҳёи табиат, гулпӯш шудани замин, дамидани сабзаву гулу шукуфа, шурӯи тухмпошӣ ба замин ва сарсабзии дарахтон ба шумор меравад, бошад , ки донаҳои дар ин баҳор бо умед ба замин пошидаи кишоварзон неш зада серҳосил шаваду ба мардум файзу баракат орад.

 

   

  

   

  

Муҳаммадмурод Сайдалиев ва Ҷамшед Солиҳов