ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Фестивали ҷумҳуриявии варзишӣ

28 апрели соли равон дар саҳни Донишгоҳ мусобиқаҳои  варзишӣ аз рӯйи намудҳои шоҳмот, шашка, тенниси рӯйи миз ва дастхобонӣ бо иштироки беш аз 200 нафар устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар чорчӯбаи Фестивали ҷумҳуриявии варзишӣ, ки бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст гузаронида шуд.