ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Нақши зан дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

23 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳ озмун таҳти унвони “Нақши зан дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид. Дар раванди озмун Сафармоҳ Абдуллоева -намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипова Наргис Достиевна- сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати шаҳри Душанбе, Мухбираи Аюбӣ - раиси бахши занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ иштирок варзида ба маҳорати донишҷӯдухтарони ҳунарманд баҳогузорӣ карданд.

 Барои иштироки фаъол тимҳои факултетҳои агрономӣ, агробизнес, тибби ветеринарӣ соҳиби се ҷойи аввал гардида, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.

Минбаъд ҳам дар донишгоҳ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронидани чорбиниҳои мухталифу хотирмон ба нақша гирифта шудааст.