ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Вохӯри бо намояндагони шуъбаи минтақавии Донишкадаи байналмилалии идоракунии об дар Осиёи Марказӣ

          Имрӯз дар пойгоҳи донишгоҳ  вохӯри бо  намояндагони шуъбаи минтақавии Донишкадаи байналмилалии идоракунии об дар Осиёи Марказӣ, ки соли 2001 дар шаҳри Тошкенти   Ҷумҳурии Узбекистон барои ҳалли масъалаҳои минтақавӣ  ва  гузаронидани  корҳои илмӣ-амалӣ вобаста ба  масъалаҳои муҳими  об дар Осиёи Марказӣ  ташкил дода шудааст, баргузор гардид. Намояндагони шуъба оид ба фаъолияти худ  дар самти барқароркунии хокҳои шӯр ва ботлоқшуда,  пайваст будани об, энергетика ва озуқаворӣ, танзими норасоии сарчашмаҳои об дар Осиёи Марказӣ, бахусус Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркменистон ва Тоҷикистон,  баландбардоштани маҳсулнокӣ ва ҳосилнокии  зироатҳои хоҷагии қишлоқ, роҳҳои ҳалли мушкилоти хоҷагидорон  аз норасоии об қайд намуданд.  Иброз намуданд, ки мо дар оянда ҳамкориҳои қавиро дар самти мазкур бо ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур ба роҳ монда, ҷалби мутахассисони соҳаро барои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳое, ки бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мегардад, барои мустаҳкам кардани базаи моддию техникии донишгоҳ ба роҳ монем.

      Ректори донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло низ оид ба фаъолияти олимони соҳа дар ҳалли  мушкилоти имрӯзаи об  вобаста ба ивазшавии иқлим дар сайёра, тайёр намудани мутахассисони баландпояи ба бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ибрози ақида намуданд. Меҳмононро бовари кунониданд, ки ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ омодаанд дар ҳали масълаҳои мӯбрами рӯз бо Шумо ҳамкорӣ намуда, донишҷӯёну магистрони донишгоҳро бошад дар доираи лоиҳаҳои фаъолдиятнамудаи Шумо дар вилояти Суғд ҷалб намоянд.