ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Вохӯриҳо дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ

Санаи 16 июли соли 2018 Ректори Донишгохи аграрии Точикистон  ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур профессор Салимзода Амонулло Файзулло Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби  Хуэҷун Тануро, ки ҳамзамон муовини вазири  кишоварзии ин кишвар мебошад, бо  ҳайати кориаш пазируфт.

Вохӯрии мазкур дар доираи созишномаи  ҳамкорӣ, ки  зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон 30 августи соли 2017 ба имзо расида буд, баргузор гардид.   

Дар рафти вохӯрӣ  олимони соҳа  барои фаъолияти минбаъдаи илмию амали  дар самтҳои зерин ибрози андеша намуданд. 

1.Истифодаи технологияхои навин дар парвариши зироатхои пахта, ғалладонагӣ,   меваю сабзавот ва картошка;

2. Ташкил кардани  озмоишгоҳҳои  илмӣ-технологӣ ва дар онхо ба роҳ мондани тадқиқотҳои якҷояи илмии олимони ҳар ду кишвар;

3. Вусъат бахшидани  робитаҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба байни олимон, таҳия ва амали намудани лоиҳаҳо, мубодилаи дастовардҳои кишоварзӣ дар соҳаи илм ва технологияи  коркарди маҳсулоти  хоҷагии қишлоқ;

4. Ба роҳ мондани мубодилаи донишҷӯён, магистрон, докторантон.

Сипас Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгохи аграрии Точикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Халқии Хитой  аз тарафи ректори донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло ва ҷаноби Хуеҷун Тану ба имзо расид. 

Дар рафти сафари мазкур ҳайати  кории академияи мазкур аз фаъолияти озмоишгоҳҳои илмӣ-таълимии  агрохимия ва хокшиносӣ, муайян намудани сифати тухмӣ,  пахтапарварӣ, ветеринарии донишгоҳ дидан намуданд, ки дар онҳо олимони ҷавону магистрони соҳа машғули гузаронидани ташхисҳои агрохимиявии хок, ташхиси сифати дон ва ташхиси махсулоти ширӣ ва гуштии  чорвои хоҷагии қишлоқ буданд.