ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Ба ифтихори Рӯзи модарон

7 март дар толори фарҳангии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба ифтихори Рӯзи модар тантанаи ҷашнӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло ҳозиринро бо фарорасии баҳори нозанин ва ҷашни бонувон самимона муборакбод намуда, аз ҷумла имброз дошт, ки Зан-модар сарчашмаи пайдоиши ҳаётузиндагӣ, иффату покдоманӣ буда, сиришти модар аз меҳру муҳаббати воло дуруст шудааст. Аввалин нафаре, ки ба мо қадам гузоштан, сухан гуфтан, хушахлоқӣ, поквиҷдонӣ ва ватандӯстиро меомӯзад модар аст. Ин вуҷуди бебаҳо пайвандгари наслҳо,  ояндаи ҳаёти мо ва такмилдиҳандаи маънавиёт дар рушду инкишофи ҷомеа шинохта мешавад. Пешвои муазззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатиашон нисбат ба занону модарон диққати ҷиддӣ дода, нақши онҳоро дар тарбияи дурусти фарзандон, тарзи муошират,  муносибату эҳтиром нисбат ба калонсолон ва дар маҷмӯъ барои тарбияи арзишҳои ахлоқии онҳо муҳим арзёбӣ мекунанд. Дарки воқеият ва камоли маърифату саъодат ба воситаи илму дониш ба даст меояд. Аз ин хотир, бояд дар самти баланд бардоштани маърифатнокии занону модарон кӯшиш намоем. Агар модар бомаърифат ва донишманд бошад маърифатнокии ӯ ба фарзандонашон таъсири зиёд расонида шавқу ҳавасро дар замири фарзандон ба вуҷуд меорад ва ба ин восита онҳо ба омӯзиши илму дониш машғул мешаванд.

Муовини ректор оид ба таълим, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур,  профессорон Гулов Саидалӣ Маъмурович, Қодиров Тура Абдулоевич, дотсент Бобоев Шариф Қаноатшоевич низ бонувони донишгоҳ ва дар шахсияти онҳо тамоми модарону хоҳарони кишварро бо ҷашни фархунда табрик намуданд.

Ансамбли халкии «Гулдаста» барномаи рангини консертиро пешкаши иштирокчиён намуд, ки дар ҳавои суруду мусиқӣ базми дилнишин барпо гашт.  Аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба ҳамаи бонувони донишгоҳ ва ба донишҷӯи курси 1-уми факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ Раҳимзода Меҳрона туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.