ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Санаи 30.04.2019 ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба оид ба афзоиши гардиши молу маҳсулоти кишоварзӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми гурӯҳи кории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар чорчӯбаи ин ҳамкориҳо ҳайати гурӯҳи кории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба донишгоҳ ташриф оварданд. Меҳнононро Салимзода Амонулло Файзулло,  ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи АИКТ самимона пазироӣ намуданд. Меҳмонон бо намоишгоҳи дастовардҳои олимони донишгоҳ, осорхона ва дигар пойгоҳи моддӣ-техникии донишгоҳ шинос шуданд. Дар толори Шӯрои олимон бо ҳайати профессорону омӯзгорони донигоҳ суҳбати самимӣ доир гардид.