ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Ярмаркаи тақсимоти хатмкунандагон

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳукрии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №262 оид ба «Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» 29 майи соли равон дар донишгоҳ Ярмарка- тақсимоти хатмкунандагони соли 2019-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 30 намояндагони вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои алоҳида иштирок варзиданд.

Ректори донишгоҳ Салимзода Амонулло Файзулло, профессор, узви вобастаи АИКТ  меҳмононро самимона пазироӣ намуд. Бо иштироки кордиҳандагон, муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, мутасаддиёни зерсохтори донишгоҳ ва хатмкунандагони донишгоҳ, ки шумораи онҳо дар соли ҷорӣ 1315 нафарро ташкил медиҳад, ҷамъомад доир гардид. Сарвари донишгоҳ роҷеъ ба раванди фаъолияти таълимиву илмии донишгоҳ ба таври мухтасару мушаххас маълумот пешниҳод намуд.

Сипас, вобаста ба самту ихтисосҳои роиҷи донишгоҳ бо намояндаҳои  бахшҳои мазкури ширкаткунанда оид ба қабули дархост ва ҷалби онҳо бо ҷойи кор дар факултетҳо бо хатмкунандаҳои соли 2019 вохӯрӣ доир гардид.