ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Бахшида ба 22 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Санаи 21.06.2019 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бахшида ба 22 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот баргузор гардид.

Дар рафти баргузории ин чорабинӣ устодону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Ғолибони ин мусобиқа байни устодону кормандон Сангов Ҳабибулло Ғаниевич - омӯзгори калони кафедраи технологияҳои иттиллотӣ ва Ахмедова Наргис Худойқуловна - методисти факултети баҳисобгирӣ ва молия, байни донишҷӯён Беҳзоди Давлатзода - донишҷӯи курси 1, факултфети агробизнес ва Сангова Фарангис Ҳабибуллоевна - донишҷӯи курси 4, факултети баҳисобгирӣ ва молия  дониста шуда ва аз тарафи Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд