ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

Субҳи 24-уми июни соли 2019 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар заминаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем” (22.12.2017) дар арафаи таҷлили 22-солгарди Ваҳдати миллӣ ва инчунин сазовор ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи замонавии варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавӣ Аҳмадзода Дилноза–муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Табарова Мавҷуда–муовини Раиси ноҳияи Исмоли Сомонӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ  иштирок доштанд.