ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Амалишавии лоиҳаи “Занон ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳанда барои рушди соҳаи кишоварзӣ”

Санаи 15.10.2019  дар пойгоҳи ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласа оид ба кушодашавӣ ва амалишавии лоиҳаи “Занон  ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳанда  барои рушди соҳаи кишоварзӣ” бо ҷалби занону донишҷӯдухтарон ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид, ки ҷаласаро ректори донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло ифтитоҳ бахшида, қайд намуданд, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”  Барномаи грантҳои озмунӣ, ки бо маблағгузории  Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ мегардад, пешниҳод гардид ва ҳадафи лоиҳа ҷалб намудани духтарон барои гирифтани маълумоти олӣ ва муҳайё намудани шароити хуби зист дар пойгоҳи муассисаҳои олии кишвар мебошад. 

Ин буд, ки аз тарафи кормандони шуъбаи идоракунии фаъолияти байналмилалии донишгоҳ  лоиҳаи мазкур пешниҳод гардид ва  комиссияи баҳодиҳии лоиҳа, онро мусбат арзёбӣ намуд.  Мутассадӣ оид ба рафти амалишавии лоиҳа,  муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ З.Қ. Бобохонова  тавассути презентатсия   вобаста ба рафти амалишавии лоиҳа   маълумоти муфассал дода, иброз намуданд, ки     мақсади асосии лоиҳа   таҳияи механизми баландбардоштани сатҳи фарогирии духтарон  ба таҳсилоти олии касбӣ, зиёд намудани шумора ва роҳҳои ҳавасмандгардонии онҳо  барои дохилшавӣ ба донишгоҳ, бахуссус аз деҳот, муҳайё намудани шароити хуб барои таҳсил, зист  ва васеъ намудани имкониятҳо барои таъминшудани онҳо бо кор буда,  амалишавии лоиҳа   тавассути  гузаронидани чунин чорабиниҳо ба роҳ монда мешавад:

 

  • Таҳияи маводҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба  ихтисосҳои донишгоҳ, тарзи таҳсил, шароити зист дар хобгоҳ ва омода намудани  фишурдаи фаъолияти  таълимӣ, илмӣ, тарбиявии донишгоҳ ҷиҳати ҷалби     духтарон  барои дохилшавӣ ба донишгоҳ;
  • Ташкил ва гузаронидани тренинг-семинарҳо ҷиҳати азхуд кардани навгониҳои технологияи муосир   баҳри такмил додани малакаи касбии тахассусии  духтарон;
  • Ташкил намудани  Маркази итиллоотию омӯзишӣ дар пойгоҳи хобгоҳи донишҷӯдухтарон ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи донишандӯзӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
  • Ташкил  ва таъмири косметикии хонаҳои маишӣ  ва таъмини онҳо бо    таҷҳизотҳои лозима  барои беҳтар намудани шароити хуби зисти донишҷӯдухтарон;
  •  Омода намудани мутахассисони касбии  ба бозори меҳнат рақобатпазир ва    хатми бомуваффақияти донишгоҳ;
  • Тавассути ҷалби вазоратҳои кишоварзӣ, иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои обӣ, идораю раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо дарёфти  ҷойи кор ва бо кор таъмин намудани духтарон;
  • Гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ дар масъалаҳои гендерӣ;
  • Омода намудани довталабон барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ;
  •    Номнавис ва пардохти маблағ барои 25 нафар довталаб-духтарон дар ММТ;
  •    Интихоби духтарҳо ба курсҳои омӯзишӣ.